Беш аз 250 кӯдак дар Қазоқистон дар шаби соли нав таваллуд шудаанд
Остона, 02 январи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Шаби соли нав дар таваллудхонаҳои Қазоқистон 254 кӯдак ба дунё омаданд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад.

Писарон ва духтарон баробар таваллуд шудаанд. Дар Вилояти Актюбин таваллуди дугоникҳо сабт шудааст.
Шумораи зиёди навзодон дар вилояти Туркистон (29 кӯдак), Шимкент (24), Остона (22) ва Алмаато (21) ба қайд гирифта шудаанд.
Вазорати тандурустии ҶҚ афзоиши сифати хизматрасонии тиббии ҳомиладоронро қайд мекунад. Дар натиҷаи соли 2025 ҳаҷми хизматрасониҳои пешгирикунанда аз рӯи барномаи “аналар саулиғи” 11 фоиз афзуд.
Аксҳо: freepik / user18526052
