Киберполитсияи Қазоқистон 13 маркази зангиро дар соли 2025 барҳам дод – ИА Караван Инфо
Киберполитсияи Қазоқистон 13 маркази зангиро дар соли 2025 барҳам дод

Остона, 5 январи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Киберполитсияи Қазоқистон дар соли 2025 ҳафт маркази зангиро дар хориҷа ва шаш маркази дигарро дар қаламрави кишвар барҳам дод. Дар ин бора ба ВКД хабар доданд.

Соли гузашта низ беш аз 19 миллион зангҳои қалбакӣ баста шуданд. Дар маҷмӯъ, аз замони оғози система зиёда аз 85 миллион зангҳои қаллобӣ пешгирӣ намуда шуданд.

“Мубориза бо чунин ҷиноятҳо бояд дар се самт сурат гирад: чораҳои қонунгузорӣ, техникӣ ва пешгирикунанда” гуфт сардори департаменти муқовимат ба киберҷиноят Ҷандос Суйинбай.

Дар натиҷаи чораҳои техникӣ зиёда аз 100 ҳазор SIM-кортҳо ва 88 дастгоҳи SIM-box мусодира намуда шуданд.

Сурат: ВКД ҶҚ

error: