Душанбе, 09 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Кашф гардидани дастнависи нодири «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба забони қипчоқӣ дар Тоҷикистон рӯйдодест, ки аҳаммияти он аз доираи як бозёфти илмӣ фаротар меравад. Ин кашф на танҳо дониши моро дар бораи густариши ин ҳамосаи бузург васеъ кард, балки робитаҳои амиқи фарҳангии адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва ҷаҳони туркиро ошкор сохт.

Дар бораи мавҷудияти ин дастнависи нодир доктори илми филология, ходими пешбари илмии Институти адабиёт ва санъати ба номи М. Ауэзови Ҷумҳурии Қазоқистон Алимҷон Таливалдӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин ягона нусхаи «Шоҳнома» ба забони қипчоқӣ дар ҷаҳон мебошад — забоне, ки асоси ташаккули бисёр забонҳои муосири туркӣ, аз ҷумла забони қазоқиро ташкил медиҳад.
Ҷустуҷӯи ин дастнавис беш аз чиҳил сол идома дошт. Пешбарандаи ин кор президенти Клуби байналмилалии Абая, нависандаи маъруфи қазоқ Роллан Сейсенбаев буд. Ниҳоят, ин мероси нодир дар шаҳри Душанбе бо талоши донишманди тоҷик, шарқшинос Қурбоналӣ Идрисов пайдо гардид.
Дастнависи асри XVII дар ганҷинаи дастнависҳои нодири Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз буда, бори аввал таваҷҷуҳи шарқшиноси маъруф Амрияздон Алимардоновро ҷалб кардааст. Маҳз ӯ ба ин нусха арзёбии илмии ибтидоӣ додааст.
Муайян гардидааст, ки тарҷумаи «Шоҳнома» ба забони қипчоқӣ бо фармони ҳокими Миср Консувах ал-Ғурӣ (1501–1516) анҷом ёфтааст. Тарҷумон ва хаттот Саид Шариф будааст. Дар давраи мамлукҳо забони қипчоқӣ дар дарбори Миср мавқеи муҳим дошт ва то асри XVII истифода мешуд.
Дастнавис аз ду ҷилд иборат буда, 428 варақро дар бар мегирад ва бо миниатюраҳои аслӣ аз саҳнаҳои «Шоҳнома» оро ёфтааст. Сарлавҳаҳои достонҳо ба забони форсӣ оварда шудаанд, ки арзиши адабӣ ва таърихии онро боз ҳам боло мебарад.
Барои ҳифзи ин мероси беназир дастнавис дар Лондон тармим гардида, баъдан дар Туркия бознашр шудааст. Китоб бо теъдоди 500 нусха чоп шуда, ба китобхонаҳо, донишгоҳҳо ва муҳаққиқони забони қипчоқӣ супурда шуд.
Муаррифии китоб дар Китобхонаи миллии академии Қазоқистон дар Алмато собит сохт, ки ин бозёфт на танҳо мероси Тоҷикистон ё Қазоқистон, балки ганҷи умумибашарист. «Шоҳнома» бори дигар исбот кард, ки адабиёти бузург марз намешиносад ва халқҳоро дар фазои ягонаи фарҳангӣ ба ҳам меорад.
АКС: The Heritage of Nomadic Civilization
