Дар Қазоқистон соли 2025 162 мактаб сохта шуд
Остона, 14 январи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Дар Қазоқистон соли 2025 162 мактаби нав барои қариб 236 ҳазор ҷойи нишаст сохта шуд. Дар ин бора Вазорати маорифи ҶҚ хабар дод.

Дар доираи лоиҳаи миллии “Келешек мектептери” сохтмони 112 мактаб ба анҷом расид, ки зиёда аз 40% – и онҳо дар деҳот мебошанд. Ба кор даровардани иншоот имкон дод, ки 27 мактаби сеҷониба ва 11 мактаби садамавӣ барҳам дода шаванд ва инчунин норасоии 160 ҳазор ҷойи хонандагон бартараф намуда шавад.
Илова бар ин, аз ҳисоби маблағҳои Фонди дастгирии инфрасохтори маориф 81 мактаб сохта шудааст. Сармоягузорони хусусӣ ва буҷетҳо сохтмони 30 муассисаи таълимии дигарро маблағгузорӣ намуданд.
Аксҳо: Вазорати Маорифи ҶҚ
