Дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим омӯзиши қабатҳои пиряхӣ ҳамчун сарчашмаи нодири маълумоти таърихӣ аҳамияти хос касб мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои бузургтарин захираҳои пиряхии Осиёи Марказӣ мебошад, тадриҷан ба яке аз нуқтаҳои калидии тадқиқоти ҷаҳонии криосфера табдил меёбад.

Экспедитсияи байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ, ки моҳҳои сентябр–октябри соли 2025 дар пиряхи № 3 ҳавзаи Ховаркӯл — «Қалъаи кабуд» баргузор гардид, маҳз ба омӯзиши таърихи ташаккули пиряхҳо ва бозсозии иқлими гузашта нигаронида шуда буд.
Экспедитсия дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳифзи пиряхҳо ва рушди илмҳои криосфера нигаронида шудаанд, амалӣ гардида, ба яке аз аввалин иқдомҳои амалии «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (2025–2034)», эълоннамудаи СММ, табдил ёфт.
Ҳамкории байналмилалӣ ва сатҳи баланди илмӣ
Ба иттилои директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Назриало Шерализода, экспедитсия бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо олимони Швейтсария, Фаронса, Русия ва Ҷопон ташкил карда шуд.
Дар ҳайати экспедитсия 20 олим ва муҳаққиқ аз Тоҷикистон, Русия, Чин, Швейтсария, Ҷопон, Олмон, Канада, ИМА, Фаронса ва дигар кишварҳо иштирок намуданд, ки ин сатҳи баланди эътимод ба мактаби илмии тоҷик ва нақши фаъоли кишварро дар тадқиқоти байналмилалӣ инъикос мекунад.

«Қалъаи кабуд» — бойгонии зиндаи иқлим
Пиряхи «Қалъаи кабуд», ки дар баландии 5100–5811 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, аз лиҳози хусусиятҳои табиӣ ба гурӯҳи пиряхҳои дорои афзоиши нисбӣ мансуб буда, ба консепсияи илмии «раванди аномалии Қароқурум» мувофиқат мекунад. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки маълумоти нодири иқлимии давраҳои гузашта дар қабатҳои ях ҳифз гардад.
Дар ҷараёни корҳои саҳроӣ ду чоҳи амиқии беш аз 110 метр парма карда шуда, ду керни пиряхӣ ба даст оварда шуд, ки дорои аҳамияти баланди илмӣ мебошанд. Таҳлили лаборатории онҳо барои бозсозии тағйирёбии иқлим, омӯзиши таркиби атмосфераи давраҳои гуногун ва пешгӯии динамикаи ояндаи пиряхҳо заминаи устувор фароҳам меорад.

Эътирофи байналмилалӣ ва саҳми ҷаҳонӣ
Натиҷаҳои экспедитсия аз ҷониби шарикони хориҷӣ баҳои баланд гирифтанд. Касбият ва таҷрибаи олимони тоҷик ҳамчун намунаи муваффақи ҳамкории байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
13 октябри соли 2025 дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, ки дар он натиҷаҳои аввалияи тадқиқот муаррифӣ гардиданд. Кернҳои пиряхӣ барои таҳқиқоти минбаъда ба Донишгоҳи Хоккайдои Ҷопон ва барои нигаҳдории дарозмуддат ба фонди байналмилалии «Ice Memory» дар Антарктида супорида шуданд.
Ин иқдом Тоҷикистонро ҳамчун яке аз пешсафони ҷаҳонӣ дар омӯзиши криосфера муаррифӣ намуда, саҳми воқеии илмии кишварро дар ҳифзи хотираи иқлимии сайёра боз ҳам устувор месозад.
АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
