Қазоқистон нақшаҳои навсозии кӯмаки аввалияи тиббиро ба СУТ пешниҳод намуд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон нақшаҳои навсозии кӯмаки аввалияи тиббиро ба СУТ пешниҳод намуд

Остона, 06 ноябри соли 2026 – Аи караван Инфо. Ҳайати Қазоқистон бо сарварии муовини аввали вазири тандурустӣ Тимур Султонгазиев дар сессияи 76-уми кумитаи минтақавии Аврупоии созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Копенгаген иштирок намуд.

Дар брифинги махсуси “Алма-Ата+50” бо иштироки Раиси СУТ Тедрос Адханом Гебрейесус, ҷониби қазоқистон равишҳоро ба рушди кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ, баланд бардоштани дастрасии хидматҳо ва тақвияти пешгирӣ пешниҳод намуд.

Дар ҷараёни ҷаласа иштирокчиён инчунин истифодаи зеҳни сунъӣ дар тиб, дастгирии солимии равонӣ, мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ ва масъалаҳои пиршавии аҳолиро муҳокима намуданд.

Қисми алоҳидаи сафар ба музокироти дуҷониба бахшида шуда буд. Ҳайати қазоқистон бо намояндагони Арабистони Саудӣ, Қатар, Белгия, Индонезия, Узбекистон ва Арманистон вохӯрӣ гузаронида, дурнамои ҳамкорӣ ва лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ намуд.

Аксҳо: Вазорати Тандурустии ҶҚ