Остона, 21 январи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Муовини Вазири экологияи Қазоқистон М.Т. Ошурбаев ва муовини вазири экологияи Чин Го Фан ҷаласаи 12-уми комиссияи дуҷонибаро оид ба ҳифзи муҳити зист баргузор намуданд. Ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи дарёҳои фаромарзӣ ва татбиқи технологияҳои сабз баррасӣ намуданд, хабар дод Вазорати Экология.

Дар ҷаласа ҳамкории самарабахш оид ба мониторинги сифати оби дареҳои фаромарзӣ Или, Иртиш, Текес ва дигарон қайд намуда шуд. Қазоқистон пешниҳод намуд, ки ҳамкорӣ дар ҷорӣ намудани технологияҳои беҳтарини дастрас рушд ёбад.
Ҷониби Чин Қазоқистонро ба иштирок дар чорабиниҳои экологии СҲШ дар моҳи апрел даъват намуд ва Қазоқистон Чинро ба саммити Минтақавии экологии Осиёи Марказӣ дар Остона даъват намуд.
Аксҳо: Вазорати Экологияи ҶҚ
