ОСТОНА, 21 январ АИ «Караван Инфо». Аз 6-ум то 22-юми феврали соли 2026 дар Италия Бозиҳои XXV зимистонаи Олимпӣ баргузор мешаванд. Қазоқистонро дар оғози асосии чорсола 36 варзишгаре, ки аллакай дар натиҷаи мавсими интихобии солҳои 2025-2026 иҷозатнома ба даст овардаанд, намояндагӣ мекунанд.

Намояндагии калонтарин дар риштаҳои лижаронӣ интизор аст. Дар мусобиқаҳои лижаронӣ ҳафт варзишгар, дар фристайл-могул чор варзишгар, панҷ варзишгари дигар дар фристайл-акробатика иштирок мекунанд. Дар биатлон Қазоқистонро ду мард ва ду зан намояндагӣ мекунанд номҳои онҳоро баъдтар штаби мураббӣ муайян мекунад.
Иҷозатномаҳо инчунин дар варзиши лижаронии кӯҳӣ (Ростислав Хохлов ва Александра Скороходова), дуҷанбаи лижаронӣ, ҷаҳидан дар лижаронӣ аз трамплин, варзиши конкидавӣ ва шорт-трек гирифта шудаанд. Дар барномаи конкидавӣ панҷ варзишгар кишварро намояндагӣ мекунанд ва дар шорт-трек чор нафар. Дар рақси рӯи ях Михаил Шайдоров ва Софя Самоделкина аз ҷониби Қазоқистон баромад мекунанд.
Ҳайати ниҳоии дастаи мунтахабиро бо квотаҳои иловагии кумитаи Байналмилалии олимпӣ васеъ намудан мумкин аст. Маълумоти ниҳоӣ дар бораи иҷозатномаҳо дар охири моҳи январ маълум хоҳад шуд. Дар Олимпиада зиёда аз 3,5 ҳазор варзишгар аз 93 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.
Сурат: МТС ҶҚ
