Остона, 23 январи соли 2026 АИ «Караван инфо». Вазири мудофиа Даурен Косанов ҷаласаи татбиқи ислоҳоти президенти Қазоқистонро дар Курултаи Миллии V-ум баргузор намуд. Дар чорабинӣ роҳбарияти идора ва ҳайати фармондеҳии қувваҳои Мусаллаҳ иштирок намуданд, хабар дод Вазорати Мудофиа.

Раиси идораи мудофиа таъкид намуд, ки дар шароити кунунии геополитикӣ артиш пуштибони давлат боқӣ мемонад. Вай диққати худро ба муносибати эҳтиеткорона ба рамзҳои давлатӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва тағйирёбии рақамии қӯшунҳо равона намуд.
“Садоқат ба Ватан барои хизматчии ҳарбӣ шакли олии ватандӯстӣ аст” гуфт Косанов.
Вай инчунин, қайд намуд, ки артиш қобилияти мудофиавии кишварро пайваста тақвият хоҳад дод.
Ҷаласаи охирини V-уми курултаи Миллӣ 20-уми январи соли 2026 дар Қизилорда баргузор шуд. Дар он президент Қасим-Жомарт Токаев афзалиятҳои стратегии рушди кишварро барои солҳои оянда, аз ҷумла масъалаҳои амниятӣ муайян намуд. Артиш, тибқи таълимоти нави мудофиавӣ, кафили соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Қазоқистон мебошад.
Сурат: ВМ ҶҚ
