Ҳамлаҳои нави бесарнишин дар минтақаҳои Русия – ИА Караван Инфо
Ҳамлаҳои нави бесарнишин дар минтақаҳои Русия

МОСКВА, 27 январи соли 2026 – Агентии иттилоотии Karavan Info. Экипажҳои мудофиаи ҳавоии Русия дар давоми панҷ соат 10 ҳавопаймои бесарнишини болдори украиниро безарар карданд. Ин ҳодиса дирӯз, 26 январ, байни соатҳои 15:00 ва 20:00 ба вақти Маскав рух дод.

Тибқи гузориши Вазорати дифои Русия, ҳафт ҳавопаймои бесарнишин дар фазои вилояти Белгород ва се ҳавопаймои дигар дар фазои Қрим нобуд карда шудаанд.

Як рӯз пеш нерӯҳои дифоъи ҳавоӣ дар ҳамон минтақа 16 ҳавопаймои бесарнишини украиниро сарнагун карданд.

Акс: AP Photo / Libkos

error: