Душанбе, 6 октябр, — АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон як қатор иншооти нави иҷтимоӣ ва маъмуриро ифтитоҳ намуданд. Дар меҳвари сафари корӣ масъалаҳои навсозии инфрасохтори муассисаҳои давлатӣ, фароҳам овардани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва беҳтар намудани робитаҳои нақлиётӣ қарор доштанд.

Дар маркази ноҳияи Фархор Сарвари давлат бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд. Иншоот дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити муосир ҷиҳати фаъолияти кормандони мақомоти амнияти миллӣ пешбинӣ шудааст.
Дар маҷмуъ, фароҳам овардани шароити муносиб барои хизмат, бо манзили хизматӣ ва инфрасохтори зарурӣ таъмин намудани кормандон ба баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва таҳкими минбаъдаи заминаи моддию техникии сохторҳои дахлдор равона шудааст.

Дар идомаи сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази адлияи ноҳияи Фархорро ба истифода доданд. Иншоот бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.
Пас аз ба истифода додани бино Маркази адлияи ноҳияи Фархор ба низоми «равзанаи ягона» пайваст карда шуд. Дар он китобхона, толори бақайдгирии ақди никоҳ, ҳуҷраҳои барҳавои корӣ ва дигар утоқҳои зарурӣ пешбинӣ шудаанд.
Низоми «равзанаи ягона» бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва технологияҳои иттилоотии рақамӣ таъмин гардидааст. Мутахассисони касбӣ бо истифода аз низоми электронӣ метавонанд ариза ва муроҷиатҳои шаҳрвандонро дар муҳлати кӯтоҳ баррасӣ намуда, шаффофият ва сифати хизматрасониҳоро таъмин намоянд.

Дар китобхонаи Марказ асарҳои Пешвои миллат, осори сершумори назмиву насрии адибони маъруфи тоҷик, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои соҳавӣ ҷамъ оварда шудаанд. Толори бақайдгирии ақди никоҳ бо дарназардошти хусусиятҳои маросими тӯй оро дода шудааст.
Дар бино инчунин барои фаъолияти кормандони шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, идораи давлатии нотариалӣ, муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ва Инспексияи корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Ғайр аз ин, дар бино меҳмонхонаи муосир бо чор ҳуҷраи барҳаво пешбинӣ шудааст, ки барои ҷойгиронии ҳамзамони ҳашт нафар имконият дорад. Ҳуҷраҳои дараҷаи стандартӣ ва люкс бо шароити мутобиқ ба талаботи муосир таъмин мебошанд.
Зимни сафар Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Гулистон–Фархор, ки дарозии он 29,6 километр ва паҳноияш 12 метр мебошад, шинос шуданд.
Аҳамияти ин лоиҳа аз доираи инфрасохтори нақлиётӣ фаротар меравад. Роҳи мазкур метавонад ба рушди ҳамлу нақли бору мусофирон, фаъол гардидани тиҷорати наздисарҳадӣ ва тавсеаи имкониятҳои сайёҳии ноҳия мусоидат намояд. Сарвари давлат масъулонро вазифадор намуданд, ки корҳои сохтмонӣ босифат иҷро гардида, лоиҳа дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шавад.

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 109 километр роҳҳои мумфаршгардидаи байни деҳаҳои ноҳияи Фархорро ба истифода доданд. Ин роҳҳо бо саҳми соҳибкорон ва сокинони боҳиммату ватандӯсти ноҳия ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва мумфарш гардидаанд.
Иштироки соҳибкорону сокинони маҳаллӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ аз омилҳои муҳими суръат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва беҳтар намудани дастрасии нақлиётии маҳалҳои аҳолинишин ба ҳисоб меравад.
Дар маҷмуъ, иншооти дар ноҳияи Фархор ба истифода додашуда самтҳои муҳими инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодиро фаро мегиранд — идоракунии давлатӣ, амният, адлия, маориф, тандурустӣ, варзиш ва нақлиёт. Ба истифода додани онҳо барои беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии ноҳия замина фароҳам меорад.
Акс: АМИТ «Ховар»
