Қазоқистон курси рушди энергетикаи атомӣ ва ояндаи камкарбонро тасдиқ намуд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон курси рушди энергетикаи атомӣ ва ояндаи камкарбонро тасдиқ намуд

Остона, 17 ноябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Дар конфронси COP31 (КОП-31) дар павильони Фаронса вазири экология Алибек Куантиров ҷонибдории Қазоқистонро ба эъломияи глобалии се маротиба зиёд шудани иқтидори энергетикии атомӣ то соли 2050 тасдиқ намуд.

Қазоқистон ба ташаббуси COP29 (КОП-29) дар Боку дар соли 2024 ҳамроҳ шуд. Имрӯз кишвар тақрибан 40% истихроҷи урани ҷаҳонро таъмин мекунад. Соли 2027 сохтмони аввалин СБА (стансияи барқи атомӣ) бо иқтидори 2,4 ГВт ба нақша гирифта шудааст, ҳамзамон лоиҳаи истгоҳи дуюм омода намуда мешавад.

“Рушди энергетикаи атомӣ бояд бо риояи бечунучарои талаботи экологӣ ҳамроҳ намуда шавад. Барои Қазоқистон амнияти радиатсионӣ ва экологӣ, ҳифзи захираҳои об ва гуногунии биологӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ афзалият доранд”, — таъкид намуд Алибек Куантиров.

Вазир инчунин аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ, тайёр намудани кадрҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва назорати қатъии экологиро дар тамоми марҳилаҳои рушди соҳаи атом қайд намуд.

Аксҳо: МЭПР ҶҚ