Остона, 17 ноябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Вазири экология ва захираҳои табиии Қазоқистон Алибек Қуантиров бо намояндаи Президенти Озарбойҷон оид ба масъалаҳои иқлим Мухтор Бабаев мулоқот намуд. Мавзӯи асосии гуфтушунидҳо ҳифзи баҳри Каспий ва таҳкими ҳамкории давлатҳои назди Каспий буд.

Куантиров ташаббусҳои экологии Қазоқистонро, ки Президент Қасим–Жомарт Токаев дар саммити якуми Экологии Каспий санаи 9 октябри соли 2026 дар минтақаи миллии сайёҳии Аваза (Туркманистон) эълон намудааст, пешниҳод намуд. Ҷонибҳо ба пешниҳоди таҳияи барномаи Байнидавлатии ҳифзи Каспий, ки имкон медиҳад, ки чораҳои муштарак оид ба ҳифзи экосистемаи беназири он мувофиқа намуда шаванд, диққати махсус доданд.
Ҳамчунин ташаббуси Қазоқистон дар бораи таъсиси созмони байналмилалии об дар системаи СММ барои тақвияти ҳамкории глобалӣ дар соҳаи захираҳои об баррасӣ шуд.

Мухтор Бабаев пешниҳодҳои ҷониби Қазоқистонро дастгирӣ намуда, аҳамияти онҳоро барои ҳамкории минтақавӣ ва ҳалли якҷояи мушкилоти экологӣ таъкид намуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамоҳангсозии талошҳо барои ҳифзи баҳри Каспий тасдиқ намуданд.
Аксҳо: ВЭПР ҶҚ
