Дар минтақаҳои истироҳатии Қазоқистон се фурудгоҳ сохта мешавад ва қатораҳои иловагӣ ба Алакол роҳандозӣ намуда мешаванд – ИА Караван Инфо
Дар минтақаҳои истироҳатии Қазоқистон се фурудгоҳ сохта мешавад ва қатораҳои иловагӣ ба Алакол роҳандозӣ намуда мешаванд

Остона, 28 январи соли 2026-АИ «Караван инфо». Дар Қазоқистон соли 2026 сохтмони фурудгоҳҳо дар минтақаҳои курортӣ Катон-Қарағай, Зайсан ва Кендерли ба анҷом расида, инчунин фурудгоҳи Аркаликро барқарор мекунанд. Дар ин бора вазири нақлиёт Нурлан Сауранбаев дар ҷаласаи ҳукумат хабар дод.

Ҳашт қатораи иловагӣ аз Остона, Алмаато ва минтақаҳои шарқӣ ба кӯли машҳури Алакол ба кор оғоз мекунад. Инчунин 15 хатсайри нави байналмилалӣ, аз ҷумла парвозҳо ба Вена, Рум ва Шанхай кушода мешавад.

“Татбиқи ин тадбирҳо вақти сафарро коҳиш медиҳад ва бароҳатии сайёҳонро беҳтар мекунад” гуфт вазир.

Аксҳо: Ҳукумати ҶҚ

error: