Остона, 3 феврали соли 2026 АИ «Караван инфо». Қазоқистон ва Ветнам ду маротиба афзоиши гардиши молро то соли 2026 баррасӣ намуданд. Дар ин бора дар ҷаласаи муовини сарвазири ду кишвар хабар дода шуд.

Муовини сарвазир – вазири иқтисоди миллӣ Серрик Жумангарин бо муовини доимии сарвазири Ветнам Нгуен Хоа Бин гуфтушунид намуд.
Ҷумангарин қайд намуд, ки Қазоқистон омода аст дар миёнаи сол ба Ветнам миссияи тиҷоратию иқтисодӣ фиристад. Вай хабар дод, ки Қазоқистон бори аввал дар ҳашт сол ба Ветнам беш аз 15 ҳазор тонна гандум содир намудааст.
Соли 2025 аввалин интиқоли мустақими якҷояи ғаллаи қазоқистон бо истифода аз логистикаи мултимодалӣ оғоз ёфт. Ин имкон дод, ки мӯҳлат ва хароҷоти интиқол кам намуда шавад.
Қазоқистон ба шарикони Ветнам пешниҳод намуд, ки аз Хатсайри Байналмилалии транскаспий (Долони Миёна) васеътар истифода баранд. Он имкон медиҳад, ки мӯҳлати интиқоли бор дар муқоиса бо хатсайри баҳрии ҷанубӣ 3-4 маротиба кам намуда шавад.
Дар соли 2026 парвозҳои мунтазами VietJet Air бо хатсайри Ханой – Алмаато -Прага ба нақша гирифта шудаанд. Пешниҳод намуданд, ки имкони кушодани алоқаи мустақими ҳавоӣ байни Остона ва Ханой баррасӣ намуда шавад.
Ҳамкории сармоягузорӣ рушд меёбад. Дар Қазоқистон лоиҳаҳое бо иштироки сармояи Ветнам, аз ҷумла сохтмони маҷмааи сайёҳӣ ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба маблағи 90 миллион доллар амалӣ намуда мешаванд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи Байниҳукуматиро дар моҳи июн – июли соли ҷорӣ баррасӣ кунанд. Ҳамчунин пешниҳод намуда шуд, ки ёддошт дар бораи таъсиси шӯрои тиҷоратии Қазоқистон ва Ветнамро имзо кунанд.
Нгуен Хоа Бин манфиатдории худро ба густариши ҳамкорӣ тасдиқ намуд. Вай ташаббусҳои рушди “Долони Миёна” – ро дастгирӣ намуд ва ба омӯзиши таҷрибаи қазоқистон оид ба рушди МФСА изҳори таваҷҷӯҳ намуд.
Аксҳо: Вазорати Иқтисоди ҶҚ
