Қазоқистон ва Арманистон парвозҳои Ҳавопаймоии Остона – Ереван ва Актау – Ереванро аз нав мекушоянд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Арманистон парвозҳои Ҳавопаймоии Остона - Ереван ва Актау - Ереванро аз нав мекушоянд

Остона, 10 апрели соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазири нақлиёти Қазоқистон Нурлан Сауранбаев бо вазири идоракунии ҳудудӣ ва инфрасохтори Арманистон Давид Худатян мулоқот намуд. Ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, аз ҷумла инфрасохтор, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва афзоиши боркашониро баррасӣ намуданд.

Масъалаи барқарор намудани алоқаи ҳавоӣ аз Тариқи Хатсайрҳои Остона -Ереван ва Актау – Ереван алоҳида баррасӣ намуда шуд. Интизор меравад, ки парвозҳо ба зудӣ оғоз шаванд. Ин барои таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва рушди сайёҳӣ шароит фароҳам меорад.

Ҷонибҳо манфиати тарафайнро барои амиқтар намудани ҳамкорӣ тасдиқ намуданд.

Аксҳо: Вазорати нақлиёти ҶҚ

error: