Остона, 10 апрели соли 2026-АИ «Караван Инфо». Хонандаи синфи 12-уми мактаби Haileybury Almaty Амирлан Аманжолов – яке аз математикҳои ҷавони ояндадори Қазоқистон, узви дастаи мунтахаби миллӣ мебошад.

Соли 2025 дар олимпиадаи 66 – уми Байналмилалӣ оид ба математика (IMO) дар Австралия, дастаи Мунтахаби Қазоқистон дар байни 112 кишвар ҷои 17-умро ишғол намуд ва Амирлан медали нуқра ба даст овард. Вай ба қабули президент Токаев даъват намуда шуд ва барои ҷоиза дар ҳаҷми 1000 НБҲ сертификат гирифт. Мураббии мактаб ба ҷоизаи давлатӣ мушарраф шудааст.
Амирлан аз Гарвард, Стэнфорд, донишкадаҳои Технологии Калифорния ва Массачусетс (MIT) ва инчунин коллеҷи Империяи Лондон даъватномаҳо гирифт. Вай MIT-ро интихоб намуд, ки дар он ҷо ба ӯ гранти пурраи таълимӣ дода шуд.
Ба гуфтаи Амирлан, ҳаракати олимпиада омили асосии рушди академии ӯ гардид ва ба дохил шудан ба донишгоҳи орзу кӯмак намуд.
Акс: Вазортаи Илм ва ТО ҶҚ
