Маъмурияти авиатсионии Қазоқистон ва ИКАО созишномаро дар бораи баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони авиатсионӣ тамдид намуданд – ИА Караван Инфо
Маъмурияти авиатсионии Қазоқистон ва ИКАО созишномаро дар бораи баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони авиатсионӣ тамдид намуданд

Остона, 16 апрели соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар Маракеш (Марокаш) дар доираи ICAO Global Implementation Support Symposium 2026 маъмурияти Авиатсионии Қазоқистон (МАК) созишномаро дар бораи тамдиди Training Services Agreement бо ИКАО имзо намуд.

Ҳуҷҷат омӯзиши кормандони МАК-ро дар соли 2026 пешбинӣ мекунад: 23 курс дар самтҳои асосӣ (виртуалӣ ва аудиторӣ). Дар натиҷа сертификатҳои байналмилалии ИКАО супорида мешаванд.

Директори иҷроияи бехатарии парвозҳо Аслан Сатжанов қайд намуд, ки ин марҳилаи навбатии шарикии стратегӣ мебошад, ки ба рушди сармояи инсонӣ, таҳкими системаи тайер намудани мутахассисони авиатсионӣ аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани бехатарии парвозҳо ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадам равона шудааст.

Аксҳо: Вазорати нақлиёти ҶҚ

error: