Ҳамоҳангӣ бо табиат: Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳифзи гуногунии биологӣ муттаҳид мешаванд – ИА Караван Инфо
Ҳамоҳангӣ бо табиат: Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳифзи гуногунии биологӣ муттаҳид мешаванд

Остона, 23 апрели соли 2026-АИ Караван инфо. Дар саммити минтақавии экологӣ дар Остона барои тамоми Осиёи Марказӣ рӯйдоди таърихӣ рух дод. Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон эъломияи Минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологиро имзо намуданд.

Ин ҳуҷҷат асоси ташаббуси нави минтақавӣ бо номи “Ҳамоҳангӣ бо табиат” гардид. Дар доираи эъломия, кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки нақшаи ягонаи амал ва системаи ҷустуҷӯи захираҳоро барои ҳифзи экосистемаҳо эҷод кунанд. Мақсади асосӣ муаррифии мавқеи умумии минтақа дар Конфронси 17-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ, ки дар Арманистон баргузор мешавад.

Вазири экологияи Қазоқистон Ерлан Нисанбаев қайд намуд, ки барои кишвар ин имконияти табдил додани ӯҳдадориҳои назариявӣ ба кори воқеӣ дар марзҳо мебошад. Намояндагони СММ ва БРСММ ин ташаббусро дастгирӣ намуда, таъкид намуданд, ки Осиёи Марказӣ ба ҷаҳон намунаи он аст, ки чӣ гуна бояд дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии иқлим муттаҳид шавад.

Эъломия нақшаи амалиети дар Қазоқистон қабулшударо оид ба ҳифзи табиат то соли 2035 пурра мекунад. Ҳоло кишварҳои минтақа барои рушди мамнӯъгоҳҳои фаромарзӣ ва ҷалби сармоягузории байналмилалӣ ба устувории экосистемаҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ хоҳанд намуд.

Аксҳо: Вазорати Экология ва захираҳои табиии ҶҚ

error: