Душанбе, 27 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Саммити минтақавии экологӣ — 2026 (RES-2026), ки дар пойтахти Қазоқистон баргузор гардид, ба минбаре табдил ёфт, ки дар он кишварҳои Осиёи Марказӣ бори дигар таъкид карданд: рӯзномаи иқлимӣ имрӯз аз доираи тадбирҳои ҷудогонаи миллӣ берун рафта, бештар ба масъалаи амнияти умумии минтақавӣ, устуворӣ ва рушди дарозмуддат табдил меёбад.

Дар кори Конфронси ҳаштуми Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим таҳти унвони «Саҳмҳои муайяншуда дар сатҳи миллӣ 3.0: аз уҳдадориҳо то амалҳо» директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбоновзода иштирок намуд.
Дар конфронс ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони мақомоти давлатии дахлдор ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд. Мавзӯи асосии муҳокима таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим буд — самтҳое, ки мустақиман ба амнияти обӣ, кишоварзӣ, устувории экосистемаҳо ва мутобиқшавӣ ба хатарҳои афзояндаи иқлимӣ вобастаанд.
Абдулло Қурбоновзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки ин минбар ҳамчун фазои муҳими гуфтугӯи созанда, табодули таҷриба ва таҳияи муносибатҳои ҳамоҳангшуда барои ҳалли мушкилоти рӯзмарраи иқлимӣ аҳамияти махсус дорад. Чунин формат, дар асл, ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки на танҳо мавқеъҳои худро ҳамоҳанг созанд, балки роҳҳои муштараки посух ба таҳдидҳоеро ҷустуҷӯ кунанд, ки сарҳади давлатиро эътироф намекунанд.

Дар баромад ҳамчунин ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва Созишномаи Париж таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Барои Тоҷикистон, ки масъалаҳои ҳифзи захираҳои об, пиряхҳо ва устувории экологӣ аҳамияти стратегӣ доранд, иштирок дар чунин гуфтугӯҳо на танҳо маънои дипломатӣ, балки аҳамияти амалӣ низ дорад.
Дар ҷараёни кори минбаъдаи конфронс таваҷҷуҳи асосӣ ба ташаккули самти умумии сиёсӣ ва стратегии ҳамкории минтақавӣ бо таъкид ба татбиқи саҳмҳои муайяншуда дар сатҳи миллии давлатҳои Осиёи Марказӣ равона гардид. Ба ибораи дигар, сухан на танҳо дар бораи изҳори ният, балки дар бораи гузариш ба модели дақиқтари амал аст, ки дар он ҳадафҳои иқлимӣ бояд ба қарорҳои воқеии идорӣ ва иқтисодӣ ворид шаванд.
Иштирокчиён ҳамчунин афзалиятҳои калидии сиёсати иқлимӣ, ниёз ба маблағгузории иқлимӣ ва механизмҳои амалии тақвияти татбиқи даври нави саҳмҳои муайяншуда дар сатҳи миллӣ — 3.0-ро баррасӣ карданд. Маҳз ҷанбаи молиявӣ то андозае муайян мекунад, ки минтақа то чӣ андоза зуд метавонад аз мавқеи стратегӣ ба натиҷаҳои ченшаванда дар самти мутобиқшавӣ, коҳиши хатарҳо ва ҷорӣ намудани роҳکارҳои «сабз» гузарад.

Дар ин замина, RES-2026 на танҳо ҳамчун як ҳамоиши байналмилалӣ, балки ҳамчун паёми муҳим низ арзёбӣ мешавад: Осиёи Марказӣ мекӯшад меъмории экологӣ ва иқлимии худро ба таври ҳамоҳангтар бунёд кунад. Барои минтақае, ки паёмадҳои тағйирёбии иқлим дар он рӯ ба афзоишанд, чунин ҳамоҳангсозӣ дигар на интихоб, балки зарурат аст.
Акс: Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
