Душанбе, 27 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи барномаи васеи экологӣ ҷиҳати шинонидани 2 миллиард дарахт то соли 2040 идома дорад.

Дар ин бора раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баходур Шерализода зимни иштирок ва суханронӣ дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ — 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон хабар дод.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 беҳтар намудани вазъи экологӣ ва таъмини рушди устувори муҳити зист мебошад. Барнома ба афзоиши майдони сабзазорҳо, барқарорсозии ҷангалзорҳо ва ҳифзи захираҳои табиӣ равона шудааст.

Ҳамчунин, аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳим барқарор намудани гуногунии биологӣ, пешгирии равандҳои биёбоншавӣ, коҳиш додани таназзули хок ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ном бурда мешавад.
Татбиқи барнома ба беҳтар шудани сифати ҳаво, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи табиат барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
