Аз тоза кардани соҳил то барқарор намудани Арал: эковолонтёрӣ Қазоқистонро муттаҳид мекунад - ИА Караван Инфо
Аз тоза кардани соҳил то барқарор намудани Арал: эковолонтёрӣ Қазоқистонро муттаҳид мекунад

Остона, 22 октябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Дар Қазоқистон шумораи ихтиёриёни экологӣ меафзояд: дар соли 2025 шумораи онҳо аз 60 ҳазор нафар зиёд шуд, дар муқоиса бо 40 ҳазор соли пеш.

Аз соли 2025 дар доираи аксияи «Таза Қазақстан» (Қазоқистони Пок) лоиҳаи Green Steppe (Грин Степ) оид ба рушди зеҳни экологӣ амалӣ намуда мешавад. Беш аз 300 нафар дар вебинарҳо иштирок намуданд, тақрибан ҳазор фаъолон курси махсуси таълимиро хатм намуданд.

Дар соли 2026 беш аз 10 ҳазор ихтиёриён ва намояндагони тиҷорат зиёда аз 300 ҳазор дарахт шинонданд. Аксияи байналмилалии World Cleanup Day (Warld Clinap Day) беш аз 4 ҳазор нафарро муттаҳид намуд ва Caspian Sea Action Week 2026 (Каспиан Си Экшн Уик) имкон дод, ки соҳилро аз се тонна партовҳо тоза кунад.

Ҳоло дар вилояти Қизилдордин GREEN ARAL (Грин Арал) бо иштироки 100 ихтиериен аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор мешавад. Мақсад барқарорсозии экосистемаи назди Арал.

“Ихтиёрии экологӣ саҳми ҳама дар ҳифзи табиат ва ояндаи устувори кишвар аст” қайд мекунанд фаъолони ихтиёрии экологӣ дар Қазоқистон.

Аксҳо: Вазорати Фарҳанги ҶҚ