Душанбе, 27 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Нархи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон аз аввали моҳи март ба ҳисоби миёна 8–9 фоиз афзоиш ёфтааст. Сабаби асосии ин тағйирот, ба гуфтаи иштирокчиёни бозор ва таҳлилгарон, болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар пайи вазъи геополитикӣ дар Ховари Миёна мебошад.

Бензини серистеъмоли АИ-92, ки дар аввали моҳи март 9,5 сомонӣ барои як литр арзиш дошт, ҳоло то 10,3 сомонӣ расидааст. Нархи дизел низ тақрибан дар ҳамин ҳудуд афзоиш ёфта, аз 10,4 то 11,3 сомонӣ боло рафтааст.
Нархи гази моеъ нисбатан камтар — тақрибан 6 фоиз — афзоиш ёфтааст. Агар дар аввали моҳи март як литри он 5,3 сомонӣ арзиш дошта бошад, ҳоло ҳадди ақал 5,6 сомонӣ мебошад.
Тибқи маълумот, нархи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои гуногуни пойтахт яксон нест: дар маркази шаҳр арзиш баландтар буда, дар маҳаллаҳои канорӣ нисбатан пасттар аст.
Таъминкунандагон ва фурӯшандагон афзоиши нархҳоро асосан ба болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ марбут медонанд. Тоҷикистон аксари сӯзишвориро аз Федератсияи Русия ворид мекунад. Дар доираи тавозуни индикативӣ дар соли 2025 кишвар аз Русия беш аз 1,2 миллион тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид кардааст, ки зиёда аз 70 фоизи ҳаҷми умумии воридотро ташкил медиҳад. Ҳамзамон ҳаҷми маҳдуд аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо низ ворид мегардад.
Тибқи маълумоти мақомоти оморӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон беш аз 325 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи зиёда аз 251 миллион доллар ворид кардааст. Ин маънои онро дорад, ки арзиши миёнаи як тонна сӯзишворӣ 772 долларро ташкил додааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми воридот 11,4 фоиз ва арзиши умумӣ 8,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Таҳлилгарон афзоиши нархҳоро ба шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна низ рабт медиҳанд. Тибқи гузоришҳои расонаҳои байналмилалӣ, амалиёти низомӣ ва танишҳо дар минтақа ба бозори ҷаҳонии нафт таъсир расонида, тавассути занҷири «нафт – коркард – нархи чакана» боиси болоравии арзиш гардидаанд.
Дар натиҷа, дар як қатор кишварҳо сӯзишворӣ ба таври назаррас гарон шудааст: дар Камбоҷа қариб 70%, дар Ветнам 50%, дар Нигерия 35%, дар Лаос 33% ва дар Канада 28%. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, афзоиш нисбатан мӯътадил — дар ҳудуди 2–5% сабт шудааст.
Коршиносон ин ҳолатро бо устувории нархҳои таъминкунандагони асосӣ ва мавҷудияти захираҳои дохилӣ дар баъзе кишварҳои минтақа шарҳ медиҳанд. Ҳамзамон, баста шудани тангнои Ҳурмуз, ки тавассути он тақрибан 20% нафти ҷаҳон интиқол меёбад, яке аз омилҳои асосии болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад.
Акс: АИ «Корвон Иттилоот»
