«Сайри гули лола» — ҷашни зебоӣ ва ободонӣ дар Тоҷикистон – ИА Караван Инфо
«Сайри гули лола» — ҷашни зебоӣ ва ободонӣ дар Тоҷикистон

Душанбе, 27 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар боғи «Куруши Кабир»-и пойтахт 26 апрел марҳилаи ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» баргузор гардид, ки тайи ҳашт соли баргузорӣ ба яке аз ташаббусҳои бузурги ҷамъиятӣ дар самти ободонӣ ва кабудизоркунӣ табдил ёфтааст.

Фестивал бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, имсол аз рӯи 10 номинатсия баргузор гардид, ки ҳам соҳаи касбии гулпарварӣ ва ҳам сатҳи ободонии маҳалҳоро — аз маҳалла ва деҳа то ноҳия ва вилоят — фаро гирифт. Аз ҷумла, «Гулпарвари беҳтарин», «Гулгашт ва хиёбон», «Боғҳои фарҳанг ва фароғат», «Деҳаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Ҷамоати беҳтарин», «Шаҳраки беҳтарин», «Ноҳияи беҳтарин» ва «Вилояти беҳтарин».

Ғолибон бо Шоҳҷоиза, дипломҳои дараҷаҳои I, II ва III сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин иштирокчиёни фаъол ва роҳбарони корхонаю муассисаҳо, ки дар баргузории фестивал саҳм гузоштанд, бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Омодагӣ ба чорабинӣ хусусияти низомманд дошт: тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, дар мавсими нави кабудизоркунӣ дар пойтахт 3 миллиону 999 ҳазору 630 дона гули лола шинонида шуд. Ин рақамҳо миқёси васеи корҳои ободониро нишон медиҳанд, ки на танҳо дар Душанбе, балки дар саросари кишвар роҳандозӣ шудаанд.

Ташкилкунандагон таъкид мекунанд, ки «Сайри гули лола» танҳо як чорабинии фарҳангӣ набуда, балки дорои аҳамияти муҳими иҷтимоиву экологӣ мебошад. Фестивал ба эҳёи анъанаҳои эҳтиром ба табиат, ташаккули фарҳанги зебопарастӣ ва рушди ташаббусҳои ҷамъиятӣ дар самти ободонӣ ва кабудизоркунӣ мусоидат мекунад.

Илова бар ин, ин иқдом ба баланд гардидани ҷолибияти сайёҳии пойтахт низ мусоидат намуда, фазои шаҳрро ба муҳити зебову ҷолиб табдил медиҳад. Бо ин васила, фестивал ба як қисми стратегии ташаккули муҳити бароҳати шаҳрӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои мероси ғании табиӣ ва фарҳангӣ табдил меёбад.

АКС: АИ «Корвон Иттилоот»

error: