Ҷавонон, варзиш ва ғояи миллӣ: дар Душанбе ҳамоиши ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор шуд – ИА Караван Инфо
Ҷавонон, варзиш ва ғояи миллӣ: дар Душанбе ҳамоиши ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор шуд

Душанбе, 25 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 22 майи соли 2026 дар пойтахти Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – роҳнамои мо ҷавонон ба сӯи фардои дурахшон» ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардид.

Чорабинӣ, ки дар толори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, на танҳо як маҳфили идона, балки минбари пайванди сиёсати давлатии ҷавонон, рӯзномаи варзишӣ ва арзишҳои созандаи миллӣ гардид.

Дар ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода, Муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳмон, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дониёрзода Сайвалӣ, инчунин собиқадорони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагони вазорату идораҳо, ҷавонони фаъол, гирандагони стипендияи Президентӣ, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва волонтёрон иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар суханрониҳои ифтитоҳӣ таъкид шуд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги созандаи ҷомеа ҳамеша таҳти таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Маҳз сиёсати ҷавонпарваронаи давлату Ҳукумати мамлакат барои рушду камолоти насли нав шароити устувор фароҳам овардааст.

Қайд гардид, ки дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол дар саросари мамлакат силсилаи чорабиниҳои сиёсӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор гардида, онҳо дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ нақши муассир доранд.

Дар идомаи ҳамоиш меҳмонони олиқадр доир ба саҳми Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш, дастгирии пайвастаи ҷавонону варзишгарон, инчунин аҳаммияти ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки ташаббуси ҷаҳонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳамчун иқдоми муҳимми байналмилалӣ барои таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди варзиш дар сатҳи ҷаҳонӣ аҳамияти хосса дорад.

Дар қисмати дигари ҳамоиш як қатор ҷавонони фаъол, намояндагони касбу ҳунарҳои гуногун ва ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо медали «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ», сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин ҷомаву медалҳо қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон ғолибони мусобиқаҳои футболи хурд, шоҳмот ва шашка байни кормандони вазорату идораҳо бо ҷоизаҳои махсус сарфароз шуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки сарояндагону ҳунармандони ҷавон манзури ҳозирин гардид. Сурудҳо ва таронаҳои ватандӯстона ба ҳамоиш шукуҳи тоза бахшиданд.

Ҳамоиш дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ҷамъбаст гардид ва бори дигар нишон дод, ки ҷавонон ва варзиш ду такягоҳи муҳимми ваҳдати иҷтимоӣ ва рушди миллӣ мебошанд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

error: