Душанбе бори чорум ба ниммарафони байналмилалии One Run пайваст: варзиш дар Рӯзи ҷавонон ҳазорон нафарро муттаҳид кард – ИА Караван Инфо
Душанбе бори чорум ба ниммарафони байналмилалии One Run пайваст: варзиш дар Рӯзи ҷавонон ҳазорон нафарро муттаҳид кард

Душанбе, 25 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ниммарафони байналмилалии One Run бо шукӯҳу шаҳомати  хос баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» доир шуда, бори дигар нишон дод, ки варзиши оммавӣ дар пойтахт на танҳо ҷузъи ҷашнҳо, балки омили муҳими тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҳамбастагии ҷавонон мебошад.

Дар чорабинии варзишӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки баргузории чунин мусобиқаҳо барои таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва муттаҳидии ҷавонон мусоидат менамояд.

Дар ниммарафон варзишгарону дӯстдорони варзиш аз дохил ва хориҷи кишвар ширкат намуданд. Барои иштирокчиён масофаҳои 1, 5, 10 ва 21,1 километр пешниҳод гардид, ки ин имконият дод ҳам варзишгарони касбӣ ва ҳам дӯстдорони оддии дав ба мусобиқа ҳамроҳ шаванд.

Ба чорабинӣ иштирокчиёни ғайриодӣ низ ранги тоза бахшиданд: дар масир падару писаре бо либосҳои ғайриоддӣ ба назар расиданд, ки ин фазои мусобиқаро боз ҳам идона гардонд.

Аз рӯи натиҷаҳои ниммарафон дар масофаи 21,1 километр миёни мардон ғолиби мутлақ Кобилҷон Якинов гардид, миёни занон бошад, Ражабмох Абдуллоева натиҷаи беҳтарин нишон дод.

Имсол One Run беш аз 220 ҳазор иштирокчӣ аз 25 кишвар-ро дар як старт муттаҳид кард. Барои Душанбе иштирок дар ин лоиҳаи байналмилалӣ бори чорум нишонаи он аст, ки пойтахти Тоҷикистон дар харитаи ташаббусҳои бузурги варзишӣ ҷойгоҳи торафт муҳимтар касб мекунад.

Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе/ Хонаи Русия дар Душанбе 

error: