Душанбе, 25 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Кӯлоб Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар саросари мамлакат таҷлил мегардад, бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор шуд. Чорабиниҳои идона дар фазои ватандӯстӣ, фаъолнокии ҷамъиятӣ ва қадршиносии нақши ҷавонон дар рушди давлат баргузор гардиданд.

Нахуст меҳмонон ва иштирокчиён аз намоиши дастовардҳои ҷавонон, ки дар даромадгоҳи боғи фарҳангию фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташкил шуда буд, дидан намуданд. Дар намоишгоҳ дастовардҳои ҷавонони фаъол, муассисаҳои таълимӣ, гурӯҳҳои эҷодӣ ва намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ муаррифӣ гардиданд.
Муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Мунаваршо Ташрифзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва яке аз омилҳои асосии рушди давлат ба ҳисоб мераванд.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва созандагӣ ба сар бурда, фаъолияти пурсамар доранд, ки ин ба шарофати сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардидааст. Ҳамчунин зикр шуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои стратегии рушди кишвар боқӣ мемонад.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба ҷавонони фаъоли ташкилоту муассисаҳои шаҳр барои саҳмгузорӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ташаббускорӣ ва фаъолияти фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти шаҳри Кӯлоб тақдим гардид.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги шаҳр анҷом ёфт. Намоишҳои консертӣ ва саҳнавӣ рамзи пайванди наслҳо, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва талоши ҷавонон барои созандагию пешрафт арзёбӣ гардиданд.
Дар шароите ки давлат ба масъалаҳои таҳсил, шуғли ҷавонон ва дастгирии иқтидори онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад, чунин чорабиниҳо на танҳо хусусияти идона доранд, балки ба унвони омили муҳими тарбияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстии насли нав низ аҳамияти калон касб мекунанд.
АКС: Хадамоти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
