Душанбе, 26 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» форуми байналмилалии «Об ва хатарҳои иқлимӣ: илм, мониторинг ва идоракунӣ» баргузор гардид, ки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи илмӣ, сохторҳои соҳавӣ ва коршиносони экологиро гирди ҳам овард.

Форум, ки ба 115-солагии таъсиси кӯли Сарез бахшида шуда буд, ба яке аз майдонҳои асосии коршиносии «Раванди обии Душанбе» табдил ёфт. Дар он на танҳо масъалаҳои минтақавӣ, балки таҳдидҳои глобалии вобаста ба тағйирёбии иқлим, амнияти об ва пешгирии офатҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар шароити имрӯза масъалаҳои об ва пешгирии хатарҳои иқлимӣ барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ доранд. Барои кишваре, ки дорои захираҳои бузурги пиряхӣ ва обии Осиёи Марказӣ мебошад, идоракунии устувори об мустақиман ба амнияти миллӣ, экологӣ ва озуқаворӣ иртибот дорад.
Таваҷҷуҳи махсус ба нақши Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва иқлим зоҳир гардид. Зикр шуд, ки дар тӯли се даҳсолаи охир ҷумҳурӣ ҳамчун яке аз ташаббускорони фаъоли байналмилалӣ дар масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо шинохта шудааст. Маҳз бо ташаббуси Душанбе Созмони Милали Муттаҳид як қатор қатъномаҳои муҳимро барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти устувории иқлимӣ ва амнияти об қабул кардааст.

Дар ҷараёни форум инчунин маълумоти нигаронкунанда дар бораи вазъи пиряхҳо садо дод. Тибқи иттилои пешниҳодшуда, аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон ҳудуди ҳазортои онҳо аллакай пурра об шудаанд. Барои кишваре, ки то 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказиро таъмин мекунад, чунин равандҳо на танҳо мушкили экологӣ, балки чолиши геополитикӣ барои тамоми минтақа ба ҳисоб мераванд.
Иштирокчиён таъкид карданд, ки тағйирёбии иқлим ба тавозуни об, кишоварзӣ, энергетика ва устувории экосистемаҳо таъсири мустақим мерасонад. Дар чунин шароит нақши таҳқиқоти илмӣ, низомҳои муосири мониторинг ва механизмҳои огоҳсозии бармаҳал аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Қисмати ҷудогонаи муҳокимаҳо ба кӯли Сарез бахшида шуд — объекти нодири табиие, ки ҳам захираи муҳими об ва ҳам манбаи эҳтимолии хатарҳои табиӣ ба шумор меравад. Дар форум дар бораи тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд барои таъсиси низоми муосири мониторинг ва огоҳсозии бармаҳал дар минтақаи кӯл маълумот пешниҳод гардид.
Коршиносон зикр карданд, ки имрӯз маҳз илм, мониторинг ва идоракунии самаранок ба се унсури асосии муқовимат ба таҳдидҳои иқлимӣ табдил ёфтаанд. Бе ҳамкории байналмилалии илмӣ, табодули технологияҳо ва таҳқиқоти муштарак коҳиш додани паёмадҳои тағйирёбии иқлим рӯз ба рӯз мушкилтар мегардад.
Баргузории форум дар Душанбе бори дигар нишон дод, ки «Раванди обии Душанбе» тадриҷан на танҳо ба минбари дипломатӣ, балки ба маркази байналмилалии муколамаи коршиносӣ оид ба масъалаҳои иқлим, об ва рушди устувор табдил меёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»/bigenc.ru
