Душанбе, 27 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 25 майи соли 2026 дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018–2028», Форуми ҳамоҳангсозии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба мониторинг, арзёбӣ ва моделсозии пешгӯии пиряхҳо ва криосфера баргузор гардид.

Форуми мазкур бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалии рушд роҳандозӣ карда шуд.
Дар маросими ифтитоҳи Форум директори Агентии обуҳавошиносӣ Абдулло Қурбонзода суханронӣ намуда, аҳаммияти ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти ҳифзи захираҳои обӣ, нигоҳдории пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим махсус таъкид намуд.
Зикр гардид, ки дар доираи амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера 2025–2034» таъсиси Маркази минтақавии ҳамоҳангсозӣ оид ба криосфера дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ аз иқдомҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, дар суханрониҳои Ко Барретт-муовини Котиби генералии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ, Йорк Шуграф-сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тиерри Умбер-роҳбари шуъбаи Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Шарқии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC), Абу Амонӣ-директори шуъбаи илмҳои об ва котиби Барномаи гидрологии байниҳукуматии ЮНЕСКО, Ко Сакамото-директори Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ва Ҷавлон Ҳамдамов-намояндаи Фонди Оғохон (AKF) нақши Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Иштирокчиён қайд намуданд, ки ҳадафи асосии Форум таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва техникии минтақавӣ дар самти мониторинг ва омӯзиши пиряхҳо, арзёбии вазъи криосфера, такмили моделсозии пешгӯии иқлим, густариши табодули маълумот ва татбиқи таҳқиқоти муштарак мебошад.

Дар ҷараёни ҷаласаҳои пленарӣ иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба таҳияи механизмҳои илмӣ ва сиёсатгузории минтақавӣ дар самти мониторинги пиряхҳо ва идоракунии криосфераро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои арзёбии ҳолати криосфера, моделсозии тағйирёбии иқлим, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мавриди муҳокима қарор гирифт.
Акс: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
