Душанбе, 28 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Масъалаҳои ҷорӣ намудани технологияҳои муосири гидрологӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳои обию энергетикӣ ба яке аз мавзуъҳои муҳими рӯзномаи байналмилалии об дар Душанбе табдил ёфтанд.

Дар ҳошияи Чаҳорумин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа 27 май бо директори Маркази муҳандисии обуҳавошиносии ширкати ҷопонии «Kansai Electric Power Group» Тетсуя Кокубо мулоқот анҷом дод.
Меҳвари музокиротро дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, идоракунии захираҳои об ва ҷорӣ намудани низомҳои рақамии пешгӯии равандҳои гидрологӣ ташкил дод. Таваҷҷуҳи махсус ба омодасозии лоиҳаи «Системаи пешгӯии воридшавии об ба обанбор барои дарёи Вахш» равона гардид.
Сухан дар бораи як ҳалли технологие меравад, ки метавонад дақиқии пешгӯии ҳаҷми оби воридшавандаро баланд бардошта, хавфҳои вобаста ба тағйирёбии мавсимиро коҳиш диҳад ва фаъолияти инфрасохтори гидроэнергетикии кишварро устувортар намояд. Барои Тоҷикистон, ки гидроэнергетика асоси низоми энергетикӣ ва яке аз омилҳои муҳими суботи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, чунин технологияҳо аҳамияти стратегӣ касб мекунанд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки татбиқи низоми мазкур барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳои обӣ ва беҳтар намудани низоми кори неругоҳҳои барқи обии ҳавзаи дарёи Вахш мусоидат хоҳад кард. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши фишор ба захираҳои об масъалаҳои мониторинги дақиқи гидрологӣ на танҳо барои энергетика, балки барои амнияти минтақавии об низ аҳамияти бештар пайдо мекунанд.
Коршиносон бар он назаранд, ки таваҷҷуҳи ширкатҳои ҷопонӣ ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши обу энергетика бозгӯи афзоиши таваҷҷуҳи шарикони байналмилалии технологӣ ба иқтидори гидроэнергетикии ҷумҳурӣ ва нақши он дар ташаккули энергетикаи устувори «сабз» дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Манбаи акс: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
