Остона, 29 майи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар Пойтахти Қазоқистон Форуми V иқтисодии Авруосиё ба кор шурӯъ намуд. Дар ин сол мавзӯи асосии майдони муҳокимаи байналмилалӣ рушди ИИАО дар шароити рақобати рақамии ҷаҳонӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ буд.

Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳоро, ки барои иштирок дар форум ба Остона омадаанд, истиқбол намуд.
Дар байни иштирокчиён Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, ноиби сарвазири Арманистон Мгер Григорян, ноиби президенти Куба Сальвадор Валдес Меса, муовини Сарвазири Ветнам Хо Куок Зунг, муовини Сарвазири Муғулистон Нямтайширин Нормтойбаяр, инчунин раиси коллегияи КИА Бакитжан Сагинтаев қарор доштанд.
Дар доираи форум иштирокчиён тағйироти рақамии иқтисодиёт, рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ ва дурнамои ҳамгироии кишварҳои ИИАО-ро дар шароити рақобати ҷаҳонӣ муҳокима хоҳанд намуд.
Аксҳо: Акорда
