Гимназияи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон захираи китобии худро густариш дод: зиёда аз 700 адабиёти нави таълимӣ дастрас гардид - ИА Караван Инфо
Гимназияи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон захираи китобии худро густариш дод: зиёда аз 700 адабиёти нави таълимӣ дастрас гардид

Душанбе, 29 май, – АИ «Корвон Иттилоот».  Китобхонаи гимназияи назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар Душанбе бо зиёда аз 700 нусхаи нави китобҳои таълимӣ ва адабиёти бадеӣ барои синфҳои ибтидоӣ ва миёна ғанӣ гардонида шуд. Ин иқдом ба густариши имкониятҳои таълимӣ ва таҳкими пояи моддиву методии муассиса равона шудааст.

Навсозии фонди китобхона қадами муҳим дар рушди раванди таълим ба ҳисоб меравад, хусусан бо назардошти он ки таҳсил дар гимназия асосан бо забони русӣ сурат мегирад. Китобҳои нав ба хонандагон имкон медиҳанд, ки на танҳо донишҳои барномавиро амиқтар омӯзанд, балки ҷаҳонбинии худро тавассути асарҳои бадеӣ низ васеъ намоянд.

Шогирдони гимназия меҳмононро бо барномаи эҷодӣ истиқбол намуда, суруди маъруфи «Птица счастья»-и Николай Добронравовро иҷро карданд. Ин баромад рамзи таваҷҷуҳи наврасон ба омӯзиши забони русӣ ва ҳавасмандии онҳо ба идомаи таҳсил гардид.

Бо сухани табрикотӣ ба хонандагон ва омӯзгорон роҳбари Хонаи русӣ дар Душанбе Андрей Патрушев муроҷиат намуд. Ӯ анҷоми соли хонишро муборакбод гуфта, аҳамияти омӯзиши забонро тавассути мутолиа таъкид кард.

«Барои хуб донистани забон на танҳо қоидаҳоро омӯхтан муҳим аст, балки онро эҳсос кардан лозим аст. Ва барои ин бояд китоб хонд», — гуфт ӯ.

Гимназияи назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз соли 2024 фаъолият дорад. Дар муассиса хонандагон аз синфи 1 то 7 таҳсил мекунанд ва раванди таълим бо тамоюли омӯзиши амиқи забони русӣ ба роҳ монда шудааст.

АКС: Хонаи русӣ дар Душанбе