Душанбе, 29 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Донишгоҳи Россияву Тоҷикистон (Славянӣ) IV Фестивали филмҳои донишҷӯён таҳти унвони «Рангҳои зодбуми азиз» оғоз гардид, ки ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии РТСУ бахшида шудааст. Имсол форуми эҷодӣ ба мавзуи оила ва арзишҳои оилавӣ таҳти шиори «Оилаи ман — сарвати ман» бахшида шудааст.

Барои муҳити донишҷӯён чунин лоиҳаҳо кайҳо аз доираи як озмуни оддӣ берун рафтаанд. Ин дигар на танҳо майдони намоиши филмҳо, балки фазоест, ки дар он муаллифони ҷавон тавассути забони кино анъанаҳо, пайванди наслҳо ва масъулияти шахсӣ барои ҳифзи арзишҳои маънавиро дарк мекунанд. Маҳз ҳамин нақши вижаи фестивал аст: он таҳсил, ҳунар ва тарбияро ба ҳам мепайвандад.
Ташкилкунандагони чорабинӣ кафедраи фарҳангшиносии РТСУ, иттиҳоди эҷодии донишгоҳ «Арт-креатив» ва намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон мебошанд. Ҳангоми ифтитоҳи фестивал роҳбари «Арт-креатив», омӯзгори калони кафедраи фарҳангшиносӣ Саноат Азизова таъкид кард, ки кинофестивал ба майдони муҳими ошкор намудани иқтидори эҷодии донишҷӯён, табодули андешаҳо ва ҳифзи арзишҳои миллӣ табдил ёфтааст.

Бо суханони табрикӣ ба иштирокчиён муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Марина Русакова, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов, декани факултети таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ Абдурафиқ Артиков ва мудири кафедраи фарҳангшиносӣ Заррина Умарова муроҷиат намуданд. Суханронҳо таъкид карданд, ки чунин ташаббусҳои фарҳангӣ дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ҳифзи пайванди наслҳо нақши назаррас доранд.
Пас аз қисми расмӣ порчае аз филми «Риштаи мустаҳками хотираи ман» — барандаи Гран-прии фестивали III — намоиш дода шуд. Коргардони филм, донишҷӯи курси 4-ум Муҳаббат Отажонова, аз таҷрибаи кори худ нақл карда, ба иштирокчиён илҳом ва дастовардҳои нав орзу намуд.
Ҳамчунин ба тамошобинон навори «Ҳама чиз чӣ гуна оғоз шуд» пешниҳод гардид, ки аз рушди фестивал ва васеъ гардидани миқёси он ёдовар шуд. Рӯзи аввал бо мастер-класси коргардони асосии Театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов Шервони Толибов анҷом ёфт, ки бо донишҷӯён дар бораи коргардонӣ, драматургия ва кор бо ҳунармандон суҳбат намуд.

Ба ҳайати доварон устодони шинохтаи кинои тоҷик — Сафар Ҳақдодов, Бахтиёр Қаҳҳоров, Зулфия Содиқова ва Манзура Ӯлҷабоева шомил шуданд. Фестивал то 1 июн идома ёфта, бо намоишҳо, муҳокимаҳо ва маросими ҷоизасупорӣ ҷамъбаст мегардад.
Акс: Донишгоҳи Россияву Тоҷикистон (Славянӣ)
