Остона, 28 майи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Вазорати илм ва таҳсилоти олии Қазоқистон ва федератсияи байналмилалии дзюдо меморандуми ҳамкорӣ имзо намуданд. Ҳуҷҷатро вазири Саясат Нурбек ва президенти федератсияи дзюдо Мариус Визер имзо намуданд.

Меморандум татбиқи ташаббусҳои муштаракро оид ба рушд ва маъмулгардонии дзюдо дар байни донишҷӯен, такмили инфрасохтори варзишӣ, тайер намудани захираи варзишӣ ва баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон пешбинӣ мекунад.
Дар назар аст, ки барномаҳои дзюдо дар раванди таълими донишгоҳҳо ва коллеҷҳо, баргузории мусобиқаҳо, таъсиси лигаҳои донишҷӯён марҳила ба марҳила ҷорӣ намуда шаванд. Ба таҳкими заминаи моддию техникӣ, таъмини асбобҳои варзишӣ, татами ва таҷҳизот диққати махсус дода мешавад.
Аксҳо: Вазорати илм ва ТО ҶҚ
