Душанбе, 02 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони як қатор корхонаҳои нави саноатӣ шинос шуда, ба бунёди хатҳои нави истеҳсолӣ санги асос гузошт.

Таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва фароҳам овардани имтиёзҳои давлатӣ барои соҳибкорон дар солҳои охир ба омили муҳими рушди саноат ва таъсиси корхонаҳои нав табдил ёфтааст. Дар ҳамин замина, дар шаҳри Истаравшан бунёду густариши иқтидорҳои истеҳсолӣ вусъати бештар пайдо намуда, барои афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина фароҳам меорад.
ҶДММ «Сими стандарт» аз ҷумлаи чунин корхонаҳо мебошад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолияташро густариш медиҳад. Дар доираи лоиҳа хатҳои нави истеҳсолӣ ба роҳ монда шуда, номгӯи маҳсулоти корхона афзоиш меёбад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар коргоҳ истеҳсоли навъҳои гуногуни симҳои сохтмонӣ, мехҳои гуногунандоза, симҳои печон ва дигар маҳсулоти зарурии соҳа ба роҳ монда мешавад. Барои ин дастгоҳу таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона то як тонна маҳсулоти тайёр дар як шабонарӯзро ташкил дода, баъди ба истифода додан то 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин мегарданд.
Сохтмони иншоот дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошта, тибқи нақша соли ҷорӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ташаббуси соҳибкорони маҳаллиро дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар саривақтӣ арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи фаъолият тавсияҳои муфид дод.

Ҳамчунин, дар деҳаи Ругунди Ҷамоати деҳоти Сабристон бо иштироки Раиси вилоят ба бунёди корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва коркарди қуму шағал санги асос гузошта шуд.
Мувофиқи лоиҳа дар масоҳати як гектар корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд мегардад. Дар ин ҷо истеҳсоли лавозимоти гуногун барои техникаҳои сохтмонӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни мех ва дигар маҳсулоти зарурӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамаи маҳсулоти истеҳсолшаванда ивазкунандаи воридот буда, барои таъмини бозори дохилӣ равона мегардад.
Дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шуда, корҳои васлу насб идома доранд. Марҳилаи аввали корхона то охири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Бо оғози фаъолияти он то 120 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин ва сохтмончиён ҷиҳати истифодаи масолеҳи хушсифати ватанӣ, риояи меъёрҳои соҳавӣ ва таъмини сифати баланди корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дод. Сипас, бо гузоштани нома ба наслҳои оянда ба бунёди корхонаи нав расман оғоз бахшида шуд.

Бояд гуфт, ки дар шаҳри Истаравшан ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҳамасола иқтидорҳои истеҳсолӣ зиёд мешаванд. Айни ҳол шумораи корхонаҳои саноатии шаҳр ба 107 адад расидааст. Танҳо дар чор моҳи соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 558 миллион сомонӣ баробар гардид.
Дар корхонаҳои саноатии шаҳр имрӯз маҳсулоти нассоҷӣ, мебел, сӯзандору, равғани растанӣ, моеи зарфшӯйӣ, масолеҳи сохтмонӣ, обҳои ташнашикан, пойафзол, бозичаҳои бачагона, маҳсулоти нонӣ, халта ва риштаҳои полиэтиленӣ, маҳсулоти чопӣ, маҳсулоти пластмассӣ, қуттиҳои оҳанин, моеи хунуккунанда, либосҳои мактабӣ ва дигар намудҳои маҳсулот истеҳсол мешаванд.
Таҳкими иқтидорҳои истеҳсолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави саноатӣ дар Истаравшан бозгӯи он аст, ки шаҳр дар амалисозии сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар нақши назаррас дошта, дар роҳи таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсолоти ватанӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ қадамҳои устувор мегузорад.
АКС:Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
