«Дунёи рангини кӯдакон»: дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор мегардад - ИА Караван Инфо
«Дунёи рангини кӯдакон»: дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор мегардад

Душанбе, 02 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ айни замон барномаи идонаи фарҳангӣ таҳти унвони «Дунёи рангини кӯдакон» ҷараён дорад. Чорабинӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бахшида шудааст.

Барномаи идона садҳо нафар кӯдакону наврасон, омӯзгорон, волидайн ва намояндагони доираҳои фарҳангиро гирди ҳам оварда, ба фазои ҷашнӣ ва руҳияи шодии кӯдакон рангу таровати хос бахшидааст.

Тавре ташкилкунандагон таъкид менамоянд, ҳадафи асосии чорабинӣ арҷгузорӣ ба арзишҳои кӯдакӣ, дастгирии истеъдодҳои наврас, таҳкими завқи эстетикӣ ва ҷалби насли наврас ба фарҳангу маърифат мебошад. Дар доираи барнома намоишҳои консертӣ, баромадҳои ҳунарии кӯдакон ва дигар бахшҳои фарҳангӣ пешниҳод мегарданд.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамасола ҳамчун яке аз муҳимтарин ҷашнҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳон таҷлил шуда, ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, рушди эҷодӣ ва зиндагии шоистаи онҳо таваҷҷуҳи ҷомеаро ҷалб менамояд.

Дар Тоҷикистон низ дастгирии кӯдакон ва ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат ба ҳисоб меравад. Баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо муҳити идона фароҳам меорад, балки барои рушди қобилиятҳои эҷодӣ, худшиносӣ ва тарбияи маънавии насли наврас низ мусоидат мекунад.

Фазои имрӯзаи Театри опера ва балет ба майдони воқеии шодию хурсандии кӯдакон табдил ёфта, иштирокчиёнро бо суруду мусиқӣ, рақс ва барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ истиқбол менамояд.

Акс: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон