Зеҳни сунъиро ба системаи таҳсилоти олии Қазоқистон ҷорӣ менамоянд - ИА Караван Инфо
Зеҳни сунъиро ба системаи таҳсилоти олии Қазоқистон ҷорӣ менамоянд

Алмаато, 4 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар заминаи корпоратсияи Байналмилалии таълимӣ (КазГАСА) семинари касбӣ оид ба истифодаи платформаи ChatGPT EDU OpenAI (Чат-Джи-Пи-Ти Эдю Опен-Эй-Ай) баргузор шуд. Чорабинии мазкур ба масъалаҳои табдилдиҳии рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ ба муҳити академии ҷумҳурӣ бахшида шуд. Семинар коршиносони соҳаи технологияҳои рақамӣ ва намояндагони 98 донишгоҳи олии қазоқистонро муттаҳид намуд.

Баргузории вохӯрӣ махсусан дар заминаи соли эълоншудаи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар Қазоқистон муҳим гардид. Қаблан Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев технологияҳои IT-ро (технологияҳои Иттилоотӣ) самти афзалиятноки рушди кишвар эълон намуда, таъкид намуда буд, ки пайдоиши зеҳни сунъӣ ҷаҳонро ба давлатҳое тақсим намудааст, ки ба оянда роҳ меебанд ва онҳое, ки дар гузашта боқӣ мемонанд.

Иштирокчиени семинар ҳамгироии платформаи ChatGPT EDU-ро ба раванди таълим, рушди салоҳиятҳои рақамӣ ва истифодаи ЗС (Зеҳни Сунъӣ) барои донишҷӯён ва омӯзгорон муфассал муҳокима намуданд. Таҷрибаи байналмилалӣ исбот мекунад, ки истифодаи шабакаҳои нейронӣ ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки вазифаҳои муқаррариро автоматӣ кунанд, омӯзишро фардӣ кунанд, самаранокии тадқиқоти илмиро баланд бардоранд ва нишондиҳандаҳои умумии таълимро беҳтар таҳлил кунанд.

Аксҳо: Вазорати илм ва ТО ҶҚ