Дар роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон барои ҳаракати мошинҳои боркаши вазнин маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ гардиданд - ИА Караван Инфо
Дар роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон барои ҳаракати мошинҳои боркаши вазнин маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ гардиданд

Душанбе, 04 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳаракати мошинҳои боркаши вазнин маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ карда шуданд. Дар ин бора аз Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, маҳдудиятҳо аз 1 май то 31 август амал намуда, ба даврае рост меоянд, ки ҳарорати ҳаво рӯзона аз 25 дараҷа гармӣ зиёд шуда, пӯшиши асфалтӣ зери таъсири сарбории зиёд ба тағйирёбӣ ва осебпазирӣ дучор мегардад.

Дар ин давра ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки вазнашон зиёда аз 6 тонна мебошад, дар роҳҳои асфалтпӯш аз соати 10:00 то 20:00 манъ карда шудааст. Барои чунин нақлиёт ҳаракат асосан дар вақти шабона иҷозат дода мешавад.

Ин тадбир дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимӣ аз рӯйи вазн ва сарборӣ ба меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ гардида, ҳадафи он ҳифзи роҳҳо аз вайроншавӣ дар шароити ҳавои гарм мебошад.

Барои риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми ҷарима аз 50 то 70 нишондиҳандаи ҳисобӣ муқаррар гардида, маблағи он аз 3900 то 5460сомонӣ-ро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», аз 1 январи соли ҷорӣ як нишондиҳандаи ҳисобӣ ба 78 сомонӣ баробар мебошад.

Акс: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон