Душанбе, 06 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Шӯрои директорони Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ 2 июн Стратегияи нави ҳошиявии ҳамкорӣ (СҲК) бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2026–2032 муҳокима намуд.

Стратегияи нав талошҳои Тоҷикистонро, ки ба суръат бахшидани таҳаввули иқтисодӣ, таҳкими устуворию тобоварӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагӣ аз ҳисоби афзоиши иқтисодии бар рушди бахши хусусӣ асосёфта нигаронида шудааст ва ба таъсиси шумораи бештари ҷойҳои кории босифат оварда мерасонад, дастгирӣ мекунад.
СҲК тамоми ниҳодҳои Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA), Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), ва Агентии бисёрҷонибаи кафолати сармоягузориро (MIGA) бо мақсади мусоидат ба амалигардонии вазифаҳои аввалиндараҷаи рушди Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии рушд то соли 2030, ба ҳам меорад.
Дар давоми даҳсолаи охир Тоҷикистон ба коҳишдиҳии қобили таваҷҷуҳи миқёси камбизоатӣ ноил гардид: сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 56 фоиз дар соли 2010 то камтар аз 20 фоиз дар солҳои охир поён рафт. Бо вуҷуди ин иқтисодиёти кишвар ҳануз аз интиқоли маблағҳои пулӣ вобастагии зиёд дорад ва дар баробари зарбаҳои беруна ва офатҳои табиӣ осебпазир боқӣ мемонад.
Дар доираи СҲК ба се натиҷаи бо ҳам алоқаманд афзалият дода мешавад:
- вусъат додани дастрасӣ ба энергияи боэътимод, дастрас ва тоза;
- қувваи кории дорои малакаҳои бештар ва солимтар; ва
- сармоягузории хусусӣ барои таъсиси ҷойҳои кории бештар ва беҳтар.
Тамоми стратегия бар як ҳадафи фарогир асос ёфтааст: тақвияти устуворӣ ва тобоварӣ ба зарбаҳои иқтисодӣ, зарбаҳои алоқаманд бо тағйирёбии иқлим ва дигар. “Дар давоми ду даҳсолаи охир Тоҷикистон ба пешрафти назаррас ноил гашт. Баҳри ҳифз ва афзоиш додани ин дастовардҳо, шарикии навкардашудаи мо ба дастгирии гузариши кишвар ба модели устувортари иқтисодӣ бар асоси истифодаи энергияи тоза, тақвияти сармояи инсонӣ ва ҷалби сармоягузориҳои иловагии хусусӣ барои таъсиси ҷойҳои кории босифаттар барои аҳолӣ нигаронида шудааст”, қайд намуд Гаэл Рабалланд, намояндаи доимии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.
Бахусус, СҲК ба рушди бахши энергетика, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун», сармоягузорӣ дар соҳаи маориф, омӯзиши касбӣ, тандурустӣ, обтаъминкунӣ ва санитария, ислоҳоти ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ нигаронидашуда, инчунин ба чораҳои таҳкими низомҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъмини омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва таҳкими низомҳои ҳифзи иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дар рафти таҳияи СҲК маълумотҳои диагностикаи соддакардашудаи кишвар ва натиҷаҳои назарсанҷиҳои афкори умум ва инчунин хулосаҳои машваратҳои васеъ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, намояндагони бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ истифода шуданд.
Он бо афзалиятҳои рушди кишвар ва рисолати Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба кам намудани камбизоатӣ ва мусоидат ба шукуфоии муштарак дар сайёраи муносиб барои зиндагӣ ҳамоҳанг сохта шудааст.
Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ яке аз бузургтарин манбаъҳои маблағгузорӣ ва дониш дар ҷаҳон барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ маҳсуб меёбад. Айни замон IDA дар Тоҷикистон 25 лоиҳаро ба маблағи умумии 1,93 миллиард доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад. IFC сандуқи сармоягузории дар ҳаҷми 69 миллион доллари ИМА-ро идора намуда, ҳафт муштарии бахши хусусиро дастгирӣ мекунад.
АКС: Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ
