Остона, 5 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев дар Остона мушовири калони Шӯрои сулҳ Аре Лайтстоунро қабул намуд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо иштироки ҷумҳуриро дар фаъолияти созмон ва таҳкими амнияти байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

Сарвари давлат ба тааҳҳуди Қазоқистон ба бунёди ҳамкориҳои судманд таъкид намуда, қайд кард, ки кишвар ҳамчун яке аз муассисони Шӯрои сулҳ ба самаранокии ин ниҳод дар таҳкими суботи ҷаҳонӣ итминон дорад. Дар музокирот ба ташаббусҳои башардӯстонаи Қазоқистон барои ба эътидол овардани вазъ дар бахши Ғазза, аз ҷумла барқарорсозии зерсохтори иҷтимоӣ, лоиҳаҳо дар бахшҳои маориф, тандурустӣ ва дастгирии амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.
Аре Лайтстоун ба Касим-Жомарт Токаев суханони гарми салом аз президенти ИМА Доналд Трампро расонид ва инчунин мардуми Қазоқистонро бо Рӯзи рамзҳои давлатӣ табрик гуфт. Намояндаи созмон қарори ҷумҳуриро барои пайвастан ба созишномаҳои Иброҳимӣ баланд арзёбӣ намуд. Ғайр аз он, мусоҳибон шарикиро дар соҳаи нақлиет ва логистика муҳокима намуда, ба рушди долони Миёна барои диверсификатсияи хатсайрҳои байналмилалӣ диққат доданд.
Аксҳо: Акорда
