Остона, 5 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар Пойтахти Қазоқистон муаррифии тадқиқоте баргузор шуд, ки ба таъсири Механизми танзими карбонии фаромарзии иттиҳоди Аврупо (CBAM) ба содиркунандагони алюминий ва металлургияи сиёҳи қазоқистон бахшида шудааст. Аз 1-уми январи соли 2026 ин регламенти экологӣ ба марҳилаи ҳатмӣ гузашт ва баҳисобгирии қатъии изи карбонро шарти асосии дастрасӣ ба бозори аврупо гардонид.

Барои Қазоқистон мутобиқ шудан ба қоидаҳои нав аҳамияти стратегӣ дорад. Тавре, ки муовини Вазири савдо ва ҳамгироии ҶҚ Жанел Кушукова изҳор дошт, тибқи натиҷаҳои соли 2025 ба ҳиссаи ИА тақрибан 31% савдои хориҷӣ ва тақрибан 44% тамоми содироти қазоқистон рост омад, дар ҳоле, ки беш аз нисфи алюминийи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда ба кишварҳои аврупоӣ меравад.
Барои кӯмак ба тиҷорат дар кам намудани хатарҳои молиявӣ, Вазорати савдо ва ҳамгироии ҶҚ дар якҷоягӣ бо маркази байналмилалии савдо (ITC) ва ҶС QazTrade (КазТрейд) дар доираи лоиҳаи ready4trade Central Asia (Рэди фор Трейд Сентрал Эйжа), ки аз ҷониби ИА маблағгузорӣ мешавад, ҳисоботи махсуси таҳлилӣ омода намуданд. Ба гуфтаи муовини директори Генералии “QazTrade” Нурлан Кулбатиров, дар ҳаҷми таҳвили соли 2025 ӯҳдадориҳои молиявии солонаи корхонаҳои қазоқистон танҳо аз рӯи чор мавқеи асосӣ (алюминийи хом, феррохром, чӯбҳо ва стерженҳо) метавонанд тақрибан 114 миллион евроро ташкил диҳанд.
Коршиноси ITC Йост Паувелин мушаххас намуд, ки ҳоло Қазоқистон ба ИА ба маблағи беш аз 600 миллион евро пӯлод ва алюминий содир мекунад. Истифодаи “арзишҳои пешфарз” – и асосӣ ҳангоми ҳисоб намудани боҷҳо метавонад ба тиҷорат ҳар сол зиёда аз 100 миллион евро арзиш дошта бошад, ки зарбаи калонтарин (то 90% таъсир) ба симҳо ва симчаҳои пӯлод рост меояд, ки дар он хароҷоти танзим аз арзиши худи мол зиёдтар аст. Аммо истеҳсолкунандагони қазоқистон метавонанд хароҷотро тавассути ҷорӣ намудани мониторинг ва эъломияи партовҳои воқеӣ, аккредитатсияи санҷишгарони маҳаллӣ ва навсозии истеҳсолот ба таври назаррас коҳиш диҳанд.
Иштирокчиёни семинар ба мувофиқа расиданд, ки талаботи нави иқлими ИА барои Қазоқистон на танҳо як мушкилот, балки як ангезаи пурқувват барои навсозии технологӣ, баланд бардоштани самаранокии энергия ва гузариш ба иқтисодиети “сабз” хоҳад буд.
Сурат: МТИ ҶҚ
