Остона, 07 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев дар бораи навсозии қоидаҳои истифодаи рамзҳои давлатӣ изҳор дошт. Ҳукумат ба зудӣ тағйироти дахлдор ворид мекунад.

Дар маросими баланд бардоштани парчами Давлатӣ сарвари давлат аҳамияти ватандӯстӣ ва эҳтироми рамзҳои миллиро таъкид намуданд.
“Танҳо ватандӯстони ҳақиқӣ кишварро ба пешрафт мебаранд ва дар марзҳои он посбонӣ мекунанд. Ватандӯстӣ ҳамчун кафолати амният ва тамомияти арзии кишвари мо хизмат мекунад” гуфт Президент.
Вай таъкид намуд, ки таҳкими эътибори рамзҳои давлатӣ барои кишвар аҳамияти хоса дорад.

“Дар ояндаи наздик Ҳукумат ба қарори танзимкунандаи истифодаи рамзҳои давлатӣ ислоҳот ворид мекунад”, — изҳор дошт Касим-Жомарт Токаев.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, эҳтиром ба рамзҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд ва нишон додани садоқат ба давлат ва арзишҳои он мебошад.
Аксҳо: Акорда
