Теннисбози қазоқистонӣ дар мусобиқаи Шветсия тилло гирифт
Хелсинборг, 8 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Намояндаи Қазоқистон оид ба тенниси мизӣ Алан Курмангалиев ғолиби мусобиқаи WTT Youth Contender (мусобиқаи ҷавонони федератсияи Байналмилалии тенниси мизӣ) дар Хелсинборги Шветсия шуд.

Қазоқистонӣ дар категорияи синну соли U19 (то 19 сола) медали тилло ба даст овард. Дар финал Курмангалиев Самуэл Михнаро аз Лаҳистон бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд.
Дар ҷараёни мусобиқа Алан рақибони худро аз Шветсия, Маҷористон, Ҳиндустон, Лаҳистон ва Дания мағлуб намуд. Барои пирӯзӣ теннисбоз 1000 хол ба даст овард.
Акс: КОМ ҶҚ
