Конгресси умумиҷаҳонии энергетика бори аввал дар Осиёи Марказӣ баргузор мешавад - ИА Караван Инфо
Конгресси умумиҷаҳонии энергетика бори аввал дар Осиёи Марказӣ баргузор мешавад

Остона, 10 июни соли 2026-АИ Караван Инфо. Вазири энергетика Ерлан Аккенженов бо президенти “Даблю Пи Си Энерджи” (WPC Energy Шӯрои умумиҷаҳонии нафт, созмони байналмилалии энергетика) Педро Мирас мулоқот намуд. Омодагӣ ба конгресси 26-уми ҷаҳонии энергетика дар Остона дар соли 2028 баррасӣ шуд.

Форум бори аввал дар Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Қазоқистон онро ҳамчун имконияти таҳкими мақоми шарики боэътимоди энергетикӣ меҳисобад.

“Қазоқистон ба ҳамкорӣ бо ин созмон аҳамияти калон медиҳад”, – изҳор дошт Аккенженов.

Ҷонибҳо манфиатдории худро ба ҳамкории минбаъда тасдиқ намуданд. Ба ақидаи онҳо, Конгресс барои ҷомеаи байналмилалии энергетикӣ як рӯйдоди муҳим хоҳад буд.

Аксҳо: Вазорати Энергетикаи ҶҚ