Қазоқистон ва Испания аввалин форуми муштаракро дар Остона баргузор намуданд
Остона, 18 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар пойтахт аввалин форуми Қазоқистонӣ – испанӣ баргузор шуд. Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исетов ва котиби давлатии Испания Диего Мартинес иштирок намуданд.

Исетов изҳор дошт, ки ширкатҳои испанӣ аллакай дар Қазоқистон кор мекунанд: консерни авиатсионӣ, ширкати кимиё ва кӯҳӣ, истеҳсолкунандаи қатораҳо, консерни муҳандисӣ, хидмати интиқол, истеҳсолкунандаи сантехника ва шабакаи чаканаи либос.
“Қазоқистон пули Байни Аврупо ва Осие, Испания таҷрибаи инфрасохтор ва инноватсия аст”, – қайд намуд муовини вазир.
Дар форум се ҷаласаи панелӣ баргузор гардид: стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, инфрасохтори устувор ва логистика, сайёҳӣ ва варзиш.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
