«Суғд-2026»: пахтакории устувор ба омили рушди соҳибкорӣ ва содирот табдил меёбад - ИА Караван Инфо
«Суғд-2026»: пахтакории устувор ба омили рушди соҳибкорӣ ва содирот табдил меёбад

Душанбе, 20 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Рушди занҷираҳои устувори истеҳсолӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ аз ҷумлаи мавзуъҳои меҳварии Форуми байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026» гардиданд, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушдро ба ҳам овардааст.

Дар кори форум Созмони ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) низ иштирок намуд, ки дар Тоҷикистон лоиҳаи «Гузариш ба занҷираи аз ҷиҳати экологӣ устувори арзиши пахта»-ро амалӣ мекунад. Ҳадафи лоиҳа рушди яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии он дар бозорҳои байналмилалӣ мебошад.

Мудири татбиқи лоиҳа Юлия Броска зимни суханронӣ таъкид намуд, ки рушди устувори соҳаи пахтакорӣ бидуни дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди занҷираҳои арзиши иловашуда, такмили малакаҳои касбӣ ва таҳкими ҳамкорӣ байни соҳибкорон, муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои давлатӣ имконнопазир аст.

Ба гуфтаи ӯ, маҳз ҳамин самтҳо барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва таҳкими иқтидори содиротии корхонаҳои ватанӣ замина фароҳам меоранд.

Ин мавзуъ дар шароити имрӯза, ки Тоҷикистон барои диверсификатсияи иқтисодиёт ва гузариш аз содироти ашёи хом ба истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловагӣ талош менамояд, аҳамияти махсус касб мекунад. Пахтакорӣ ҳамоно яке аз бахшҳои калидии иқтисоди аграрии кишвар боқӣ монда, ҷорӣ намудани усулҳои экологӣ ва устувори истеҳсолот метавонад ҳамзамон ба рушди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат намояд.

Форум инчунин имконият фароҳам овард, ки иштирокчиён бо намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои вилояти Суғд шинос шаванд. Дар намоишгоҳ дастовардҳои бахшҳои саноат, кишоварзӣ ва истеҳсолоти содиротӣ муаррифӣ гардиданд.

Илова бар ин, чорабинӣ барои барқарор намудани робитаҳои нави тиҷоратӣ ва баррасии дурнамои ҳамкорӣ байни соҳибкорон, сармоягузорон ва созмонҳои байналмилалӣ майдони муносиб фароҳам овард.

Дар GIZ таъкид карданд, ки аз дастгирии чунин платформаи муколама ва шарикӣ истиқбол менамоянд. Лоиҳаи «Гузариш ба занҷираи аз ҷиҳати экологӣ устувори арзиши пахта дар Тоҷикистон» бо маблағгузории муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) амалӣ мешавад.

Ба андешаи коршиносон, чунин ташаббусҳо на танҳо ба навсозии соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт мусоидат мекунанд, балки барои ташаккули модели устувори рушд, ки бар пояи навоварӣ, масъулияти экологӣ ва дастгирии соҳибкорӣ асос ёфтааст, замина мегузоранд.

АКС: GIZ Тоҷикистон