Душанбе, 29 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба муносибати ҷашни Тиргон табрик гуфта, таъкид намуданд, ки яке аз куҳантарин ҷашнҳои тамаддуни ориёӣ имрӯз аҳамияти нав касб намуда, арзишҳои миллӣ, ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи захираҳои об, рушди устувор ва амнияти экологиро ба ҳам мепайвандад.

Дар паёми табрикии худ Сарвари давлат иброз доштанд, ки Тиргон дар баробари ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон пояи ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ташкил дода, таҷассумгари мероси ғании фарҳангӣ, фарҳанги кишоварзӣ, эҳтиром ба табиат ва арзишҳои инсонпарваронаи ниёгон мебошад.
Президенти мамлакат ёдовар шуданд, ки Тиргон ҳазорсолаҳо боз ҳамчун ҷашни об, борон, пухтарасии ҳосил ва арҷгузорӣ ба меҳнати деҳқон таҷлил мегардад. Ба таъкиди Пешвои миллат, ниёгони тоҷик аз замонҳои қадим обро сарчашмаи зиндагӣ, рушди ҷомеа ва пешрафти тамаддунҳо медонистанд.
Дар муроҷиат нақши байналмилалии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об мавқеи махсус касб кард. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои пешсаф дар масъалаҳои ҳифзи захираҳои об ва пиряхҳо буда, пайваста ташаббусҳои сатҳи ҷаҳониро барои истифодаи оқилонаи захираҳои оби ширин ва ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ пешниҳод менамояд.
Сарвари давлат бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон пайваста пуштибонӣ намуда, онҳоро на танҳо саҳм дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, балки ҳамчун эътирофи мероси таърихию фарҳангии мардуми тоҷик арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи Президент, фалсафаи ҷашни Тиргон, ки бар эҳтиром ба об ва неъматҳои табиат асос ёфтааст, имрӯз дар сиёсати байналмилалии экологии Тоҷикистон таҷассум ёфтааст.
Президенти мамлакат инчунин баргузор гардидани Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028»-ро намунаи равшани аҳамияти масъалаҳои об дар таъмини сулҳ, амният, рушди устувор ва таҳкими ҳамкории байни давлатҳо арзёбӣ намуданд.
Дар паём ба рушди соҳаи кишоварзӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Тиргон ҷашни деҳқонон, рамзи меҳнатдӯстӣ, фаровонӣ ва эҳтиром ба замин мебошад. Аз ин рӯ, истифодаи самараноки захираҳои замину об, рушди истеҳсолоти кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз афзалиятҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат боқӣ мемонанд.
Дар анҷом Пешвои миллат изҳори итминон намуданд, ки мардуми Тоҷикистон бо такя ба суннатҳои неки ниёгон ва ҳисси баланди ватандӯстӣ минбаъд низ барои шукуфоии Ватан, ҳифзи мероси миллӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии кишвар саъю талош хоҳанд кард.
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар тамоми сокинони мамлакатро ба муносибати ҷашни Тиргон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик саломатии бардавом, сулҳу оромӣ, фаровонӣ, рӯзгори осуда ва хушбахтӣ орзу намуданд.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
