Душанбе, 02 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳамкории байнипарлумонӣ имрӯз ба яке аз василаҳои муҳими таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистону Русия табдил ёфтааст. Дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода бо котиби генералии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба, вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия Виктор Пинский баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба ва дурнамои тавсеаи робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд.

Музокирот, ки 30 июн баргузор шуд, доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русияро фаро гирифт. Таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, такмили заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва татбиқи амалии созишномаҳое, ки дар сатҳи олии давлатӣ ба имзо расидаанд, равона гардид.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Русия, ки бар пояи шарикии стратегӣ, ҳампаймонӣ, эҳтироми мутақобил, баробарҳуқуқӣ ва ба инобат гирифтани манфиатҳои якдигар бунёд шудаанд, мунтазам рушд ёфта, парламентҳои ду кишвар дар таъмини заминаи ҳуқуқии татбиқи тавофуқоти сатҳи олӣ нақши калидӣ доранд.
Яке аз масъалаҳои асосии мулоқот муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия фаъолият мекунанд, буд. Ҷонибҳо роҳҳои такмили низоми танзими равандҳои муҳоҷират ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки санадҳои дуҷонибаи ба наздикӣ баимзорасида дар ин самт заминаи ҳуқуқии ҳамкориро боз ҳам мустаҳкам намуда, ба такмили низоми танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва фароҳам овардани кафолатҳои иловагии иҷтимоӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат мекунанд.
Ҳамчунин ҷонибҳо зарурати идомаи ҳамкории мақомоти салоҳиятдори ду кишварро барои такмили механизмҳои муҳоҷират, фароҳам овардани шароити арзандаи меҳнат, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва назорати иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда таъкид намуданд.
Ба андешаи коршиносон, дипломатияи байнипарлумонӣ дар муносибатҳои Тоҷикистону Русия аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад. Дар баробари ҳамкории сиёсӣ ва иқтисодӣ, маҳз масъалаҳои муҳоҷират ва ҳамкории башардӯстона аз самтҳои муҳимтарини муносибатҳои дуҷониба боқӣ монда, ба манфиатҳои садҳо ҳазор шаҳрванд таъсири мустақим мерасонанд ва барои таҳкими шарикии стратегии ду кишвар заминаи устувор фароҳам меоранд.
Акс: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
