О Миграции - ИА Караван Инфо

Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо пас аз 18-солагӣ метавонанд ба муҳоҷирати корӣ раванд

Душанбе, 27 октябр, - АИ «Корвон Иттилоот». Қонуни нав «Дар бораи муҳоҷират» ба иҷро даромад ва дар он бори аввал синни муҳоҷирати корӣ муайян шуд. Бар асоси он, акнун шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо аз 18-солагӣ метавонанд барои кор ба хориҷ раванд. Қонуни мазкур рӯзи 23 октябр дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр...

Муҳоҷирони тоҷикро дар бораи сахттар шудани қоидаҳои рондани аз Русия огоҳ карданд

Душанбе, 24 октябр, - АИ «Корвон Иттилоот». Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия шаҳрвандони ҷумҳуриро дар бораи васеъ шудани рӯйхати қонуншиканиҳое, ки барои онҳо хориҷиёнро метавон аз кишвар ронд, огоҳ кард. Тағйиротҳо ба Кодекси Федератсияи Россия оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз моҳи ноябр эътибор...

Дар фурудгоҳи Душанбе ба муҳоҷирони меҳнатӣ талаботи нави будубош дар Русия шарҳ дода шуданд

Душанбе, 18 сентябр, - АИ «Корвон Иттилоот». Кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳиро бо муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Русия сафар мекунанд, идома медиҳанд. Дар ҷараёни мулоқотҳо ба шаҳрвандон шарҳ дода...

Баҳисобгирии электронии муҳоҷирон дар Русия: системаи «Амина» ба биометрия гузашта, барои миқёсгирӣ дар тамоми кишвар омода мешавад

Душанбе, 11 сентябр, - АИ «Корвон Иттилоот».  Системаи назорати биометриии вуруд ва ҳаракати шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Маскав ва вилояти Маскав озмоиш мешавад, дар дурнамо ба тамоми қаламрави Федератсияи Русия паҳн карда мешавад. Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Ведомости» хабар...

Муҳоҷиронро дар Россия қоидаҳои нав интизоранд. Дар бораи онҳо муфассал нақл мекунем

Душанбе, 28 август, - АИ «Корвон Иттилоот». Аз соли 2027 дар Россия тағйироти ҷиддии қонунгузории муҳоҷиратӣ эътибор пайдо мекунанд. Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар кишвар кор мекунанд, бояд мавҷудияти даромади кофӣ барои нигоҳдории худ ва аъзои оилаи дар таҳти ғамхории онҳо бударо исбот кунанд. Дар акси ҳол ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ метавонанд бекор...

Омодагӣ пеш аз сафар: дар Душанбе бинои нави Маркази машваратӣ ва омодагии муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ ёфт

Душанбе, 26 август, - АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» баргузор гардид. Дар чорабинӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Ифтитоҳи иншооти нав қадами дигар дар самти рушди низоми омодасозии пешакии...

Тоҷикистон ва Санкт-Петербург ҳамкориҳоро дар самти бо кор таъминкунии муташаккилонаи муҳоҷирон тақвият медиҳанд

Душанбе, 24 август, - АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳамкориҳои амалиро дар самти татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сафарбаркунии муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия густариш медиҳанд. Қадами навбатӣ дар ин самт мулоқоти кории намояндагони Тоҷикистон ва Санкт-Петербург гардид, ки зимни он...

“Нелегал”: дар Қазоқистон беш аз 13 ҳазор қонуншиканиҳои муҳоҷиратӣ ошкор шуданд

Остона, 22 августи соли 2026 - АИ Караван Инфо. Дар Қазоқистон чорабинии оперативӣ - профилактикии "Нелегал" баргузор шуд. Полис макони зисти хориҷиён, иншооти сохтмонӣ, бозорҳо ва корфармоёнро, ки аз меҳнати шаҳрвандони дигар кишварҳо истифода мебаранд, тафтиш намуд. "Дар маҷмӯъ 13 035 ҷинояти марбут ба вайрон намудани қонунгузории муҳоҷират ошкор намуда...

Кор дар Кореяи Ҷанубӣ: ба қазоқистониҳо қоидаҳои интихоби EPS фаҳмонида шуд

Остона, 21 августи соли 2026-Иа Карован Инфо. Қазоқистониён метавонад дар Кореяи Ҷанубӣ тавассути системаи EPS (И-Пи-Эс системаи иҷозатномаҳои корӣ) кор кунад. Интихоб пас аз кушодани маркази махсус дар Алмаато оғоз меёбад. Номзадҳо бояд имтиҳони eps-TOPIK (И-Пи-Эс Топик) - ро барои донистани забони кореягӣ супоранд, аз арзёбии малакаҳои касбӣ ва омодагии...

Амният ва муҳоҷират: Тоҷикистон ва Русия нақшаи ҳамкории Вазоратҳои корҳои дохилиро барои соли 2027 тасдиқ карданд

Душанбе, 15 август, - АИ «Корвон Иттилоот».   Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия тасмим доранд ҳамоҳангиро дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ тақвият дода, ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷират такмил диҳанд ва мубодилаи маълумоти фаврӣ ва экспертию криминалистиро густариш диҳанд. Созишҳои дахлдор зимни ҷаласаи муштараки ҳайатҳои роҳбарии ду вазорат дар шаҳри Москва...

Сиёсати муҳоҷират: истифодаи барномаи «Амина» аз 1 сентябр барои муҳоҷирони бевиза дар Федератсияи Русия  ҳатмӣ мегардад

Душанбе, 08 август, - АИ «Корвон Иттилоот».  Аз 1 сентябри соли 2026 истифодаи барномаи мобилии «Амина» барои ҳамаи категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Федератсияи Русия бо тартиби бевиза ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад. Дар ин бора Намояндагии Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират...

Тамоюлҳои муҳоҷират: Осиёи Марказӣ ҷуғрофияи бозорҳои меҳнатро густариш медиҳад, дар ҳоле ки Русия ҳанӯз самти асосӣ боқӣ мемонад

Душанбе, 08 август, - АИ «Корвон Иттилоот». Федератсияи Русия то ҳол бузургтарин бозори меҳнат барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, аммо ҷолибияти он тадриҷан коҳиш меёбад. Ба чунин хулоса коршиносони Маркази тадқиқоти шарқшиносии Лаҳистон (OSW) дар гузориши таҳлилии худ оид ба равандҳои муҳоҷират дар минтақа расидаанд. Тибқи маълумоти таҳқиқот,...