Душанбе, 24 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳамкориҳои амалиро дар самти татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сафарбаркунии муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия густариш медиҳанд.

Қадами навбатӣ дар ин самт мулоқоти кории намояндагони Тоҷикистон ва Санкт-Петербург гардид, ки зимни он масъалаҳои бо кор таъминкунии муташаккилонаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ баррасӣ шуда, бо як қатор корфармоёни Россия созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Мулоқоти гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси Кумитаи ҳамкориҳои байналмилалии Маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба ташкили бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград равона шуд. Ҷонибҳо дар рафти музокирот механизмҳои амалии ҳамкориро баррасӣ карданд, ки ба таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷойҳои кори қонунӣ ва рушди робитаҳои мустақим миёни сохторҳои давлатӣ ва корфармоён нигаронида шудаанд.
Дар натиҷаи мулоқот бо Ассотсиатсияи мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии байналмилалии шаҳри Санкт-Петербург, инчунин бо як қатор корфармоёни алоҳида созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Ба ин рӯйхат ҶДММ «Мастер принт», ҶДСП «Березовское», ҶДММ «Инжиниринг СВ» ва соҳибкори инфиродӣ «Шопен Дмитрий Алексеевич» дохил мешаванд.

Ба имзо расидани чунин созишномаҳо яке аз абзорҳои амалии татбиқи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатии муташаккил ба ҳисоб меравад. Бар хилофи ҷустуҷӯи мустақилона ва ғайримуташаккили ҷойи кор, механизми муташаккил ҳамкории равшантар миёни ниҳодҳои давлатӣ, корфармоён ва шаҳрвандонро пешбинӣ намуда, масъалаҳои бо кор таъмин шудан ва риояи талаботи қонунгузории Русияро ба низом медарорад.
Дар доираи сафари корӣ ҳамчунин аз Маркази муҳоҷирати «Южный» боздид ба амал оварда шуд. Марказ ба шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои будубоши қонунӣ дар ҳудуди шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград хизматрасонӣ мерасонад.

Боздид аз марказ ба намояндагон имкон дод, ки бо ҷанбаҳои амалии расмиёти вобаста ба қонунигардонии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои дахлдор шинос шаванд. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон ин самт аҳамияти хоса дошта, зарурати ташаккули роҳҳои шаффофтар, қонунӣ ва муташаккили муҳоҷирати меҳнатиро боз ҳам бештар таъкид мекунад.
Ба арзёбии АИ «Корвон Иттилоот», рушди робитаҳои мустақим бо корфармоён ва сохторҳои соҳавии Россия барои шаҳрвандони Тоҷикистон имкониятҳои иловагии бо кори қонунӣ таъмин шуданро фароҳам меорад. Ҳамзамон чунин модели ҳамкорӣ метавонад ба баланд бардоштани пешгӯишавандагии равандҳои муҳоҷират, таҳкими ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирон ва коҳиш додани хавфҳои вобаста ба шуғли ғайрирасмӣ мусоидат намояд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
